Омодагирии шаҳри Душанбе ба Фестивали “Оши палав”

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар пойтахт Фестивали «Оши палав»   баргузор  мешавад. Фестивал санаи 10 ноябр  дар Боғи фарҳангу истироҳати таъмиру навсозишудаи ба номи Абулқосим Фирдавсӣ доир мегардад. “Айни замон масоили марбут ба шумори ошпазон, ки дар фестивал иштирок мекунанд ва ҳамчунин ҳалли масъалаҳои ҳавасмандсозии иштирокчиёни фестивал мавриди баррасиву таҳия қарор дорад”, – […]

Asia-Plus

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар пойтахт Фестивали «Оши палав»   баргузор  мешавад.

Фестивал санаи 10 ноябр  дар Боғи фарҳангу истироҳати таъмиру навсозишудаи ба номи Абулқосим Фирдавсӣ доир мегардад.

“Айни замон масоили марбут ба шумори ошпазон, ки дар фестивал иштирок мекунанд ва ҳамчунин ҳалли масъалаҳои ҳавасмандсозии иштирокчиёни фестивал мавриди баррасиву таҳия қарор дорад”, – хабар доданд аз дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт.

Бино ба иттилои манбаъ, ҳадаф аз баргузории Фестивали “Оши палав” тарғиби фарҳанги меҳмоннавозии тоҷикон, ҳунари ошпазӣ, ҳимояи арзишҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба мероси фарҳангии мардуми тоҷик аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.