Пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон номгузорӣ шудани нерӯгоҳи Роғун

Сиёсатмадор пешниҳоди худро бо он асоснок мекунад, ки маҳз Эмомалӣ Раҳмон дар саргаҳи оғози корҳои барқароркунии сохтмони ин иншооти бузурги бахши гидроэнергеткикаи Тоҷикистон қарор дошт. Вакили палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода пешниҳод мекунад, ки ба нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” номи Эмомалӣ Раҳмон гузошта шавад. Зимни мусоҳиба ба “Азия-Плюс” сиёсатмадор изҳор […]

Сиёсатмадор пешниҳоди худро бо он асоснок мекунад, ки маҳз Эмомалӣ Раҳмон дар саргаҳи оғози корҳои барқароркунии сохтмони ин иншооти бузурги бахши гидроэнергеткикаи Тоҷикистон қарор дошт.

Вакили палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода пешниҳод мекунад, ки ба нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” номи Эмомалӣ Раҳмон гузошта шавад.

Зимни мусоҳиба ба “Азия-Плюс” сиёсатмадор изҳор намуд, ки аввали солҳои 2000-ум вақте Эмомалӣ Раҳмон дар бораи барқарор кардани сохтмони нерӯгоҳи Роғун сухан мегуфт, кам касоне дар кишвар бовар доштанд, ки ин ташаббуси Сарвари давлат амалишаванда аст.

“Умуман ин ҷо истифодаи ибораи “оғози сохтмон”бамаврид мебошад, чунки он қисмати нерӯгоҳ, ки замони шӯравӣ сохта шуда буд, пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ пурра вайрон шуда буд ва метавон гуфт, ки бо ибтикори Эмомалӣ Раҳмон сохтмони иншоот дубора қариб аз сифр оғоз ёфт”, – чунин мешуморад Усмонзода.

Раиси Ҳизби демократи ҷумҳурӣ бар ин назар аст, ки Сарвари давлат бо ин ташаббуси худ эътимоди аксари тоҷикистониёнро ба ояндаи нек мустаҳкам кард.

Хотиррасон шуд, ки дар саргаҳи сохтмони нерӯгоҳи Норак роҳбари ҷумҳурӣ дар солҳои 50-ум Турсун Ӯлҷабоев қарор дошт ва бо фармони Президент 9 сентябри соли 1997 ба нерӯгоҳи Норак маҳз номи Турсун Ӯлҷабоев гузошта шуд.

Қобили зикр аст, ки ҷараёни сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” таҳти назорати шахсии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.