Ҳузури аъзои ҳукумати Ӯзбекистон дар маросими оғози истифодаи агрегати аввали нерӯгоҳи Роғун

Вазири хоҷагии оби Ӯзбекистон Шавкат Ҳамроев санаи 16 ноябр ба Тоҷикистон ташриф оварда, шахсан дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати аввали нерӯгоҳи барқи обии Роғун ширкат хоҳад варзид. Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон дар ин робита хабар дод, узви ҳукумати кишвари ҳамсоя ба майдони сохтмони нерӯгоҳ бо даъвати ҳукумати Тоҷикистон меояд. […]

Аваз Юлдошев

Вазири хоҷагии оби Ӯзбекистон Шавкат Ҳамроев санаи 16 ноябр ба Тоҷикистон ташриф оварда, шахсан дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати аввали нерӯгоҳи барқи обии Роғун ширкат хоҳад варзид.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон дар ин робита хабар дод, узви ҳукумати кишвари ҳамсоя ба майдони сохтмони нерӯгоҳ бо даъвати ҳукумати Тоҷикистон меояд.

Тоҷикистон барои иштирок дар маросими ба истифода додани агрегати аввали нерӯгоҳи Роғун ба унвони ҳукуматҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Афғонистон ва Покистон даъватнома фиристод.

Қаблан зикр гардида буд, ки ба ин маросим намояндагони кишварҳои ҳамсарҳади иштирокчии лоиҳаи CASA-1000, созмонҳои байнулмилалӣ, кормандони намояндагиҳои дипломатии муқими кишвар, рӯзноманигорон, аз ҷумла наздики 30 нафар журналистони васоити ахбори умумии хориҷии пешрафта даъват шудаанд.

Қобили зикр аст, ки ҷараёни сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” таҳти назорати шахсии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Дар марҳилаи аввали баъди ба истифода додан (16 ноябр), иқтидори агрегати аввали нерӯгоҳи Роғун 100 МВт-ро ташкил хоҳад дод. Истеҳсоли солонаи нерӯи барқ бо чунин иқтидор тақрибан 350 млн. кВт/соатро ташкил медиҳад. Иқтидори лоиҳавии он ба 600 МВт баробар аст. Моҳи апрели соли оянда ба истифода додани агрегати №5 дар назар аст.

Барои анҷоми сохтмони нерӯгоҳи Роғун тибқи маълумоти пешакӣ, дар маҷмӯъ наздики 4 млрд. сомонӣ маблағ зарур аст. Дар нерӯгоҳ насби 6 агрегати иқтидори ҳар кадоме 600 МВт ба нақша гирифта шудааст, ки бузургитарин дар минақаи Осиёи Марказӣ хоҳад буд.

Сарбанди 335 метр гиливу хокии нерӯгоҳ баландтарин чунин сарбанд дар ҷаҳон хоҳад буд. Ин иншоот ҳамасола 17 млрд. кВт/соат нерӯи барқи истеҳсол мекунад, ки дар муқоиса бо иқтидори нерӯгоҳи Норак якуним баробар зиёдтар аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.