Дар Душанбе наздики 60 майдончаи нави варзишӣ бунёд мегардад

Ҳукумати Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳоро оид ба сохтмони майдончаҳои варзишӣ, ободу кабудизоркунии гулгаштҳо дар қаламрави шаҳри Душанбе тасдиқ намуд. Бо дастури ҳукумат вазорату идораҳо ва ташкилоту корхонаҳои давлатӣ ба сохтмони яктогӣ майдончаҳои варзишӣ дар ноҳияҳои гуногуни пойтахт уҳдадор шуданд. Аз ҷумла, дастур дода шудааст, ки 23 чунин иншоот дар қаламрави ноҳияи Сино, 15 – дар ноҳияи […]

Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳоро оид ба сохтмони майдончаҳои варзишӣ, ободу кабудизоркунии гулгаштҳо дар қаламрави шаҳри Душанбе тасдиқ намуд.

Бо дастури ҳукумат вазорату идораҳо ва ташкилоту корхонаҳои давлатӣ ба сохтмони яктогӣ майдончаҳои варзишӣ дар ноҳияҳои гуногуни пойтахт уҳдадор шуданд.

Аз ҷумла, дастур дода шудааст, ки 23 чунин иншоот дар қаламрави ноҳияи Сино, 15 – дар ноҳияи Фирдавсӣ ва 10-тогӣ – дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансур бунёд карда шавад.

Гулгаштҳои ободу зебо дар шаш мавзеи ноҳияи Сино ва як мавзеи ноҳияи Шоҳмансур сохта хоҳанд шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар маҷлиси имрӯза Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз татбиқи фармоиши ҳукумат, ки дар асоси он аз ҷониби 86 вазорату идора ва шахсони алоҳида дар шаҳри Душанбе 92 майдончаи варзишию бозии кӯдакон бунёд ва таҷдиду навсозии 12 боғу гулгашт дар сатҳи баланд амалӣ гардид, ёдовар шуда, аз номи ҳукумати ба вазорату идораҳо ва шахсони алоҳидае, ки дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе чунин иншоот бунёд карда, дар ободу зебо гаштани он нақши худро гузоштаанд, изҳори миннатдорӣ баён намуд.

Дар маҷлиси ҳукумат бо натиҷагирӣ аз ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявӣ ва барои иҷрои сифатноки корҳои бунёду навсозии майдончаҳои варзишӣ ва боғу гулгаштҳо 41 ғолиби озмун ҳавасманд ва бо туҳфаҳо қадршиносӣ карда шуданд.

Вазъи майдончаҳои бозии кӯдакон чӣ гунаву кӣ ба онҳо ҷавобгӯ аст?

Тайи ду соли охир дар шаҳри Душанбе майдончаҳои ободу зарурии варзишӣ ва бозии кӯдакон бунёд гардида, вале баъди ба истифода додани онҳо, аксарашон бесоҳибу рӯ ба вайрониву харобӣ овардаанд.

Тобистон мо аз чанде аз майдонҳо боздид намуда, бовар ҳосил кардем, ки онҳо “зебоии пештара”-и худро гум карда, рӯ ба харобӣ овардаанд: арғунчакҳо шикаста, майдончаи қумбозӣ пур аз партов, аксари аттраксионҳо кафшершуда ё бо занҷирҳо бастаанд.

Масъули сохтмони майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакон дар шаҳри Душанбе Раҳматшо Камолов он замон дар мавриди киҳо ҷавобгар будан ба ин майдонҳо ба “Азия-Плюс” изҳор намуда буд, ки онҳо танҳо ба майдонҳои аз ҷониби ҳукумати шаҳр сохташуда (майдончаҳо аз ҷониби ширкатҳои хусусӣ ва соҳибкорон низ бунёд гардидаанд) масъул буда, дар ҳар як ноҳия оид ба назорату нигоҳубини майдончаҳо шахси масъул вобаста шудааст.

“Майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакон, ки давоми солҳои 2010-2016 сохта шудаанд, шахсони масъул доранд, лекин майдончаҳое, ки тӯли солҳои 2017-2018 бунёд гардидаанд, айни замон шахсони масъул надоранд”, – гуфта буд ӯ он замон.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.