Дар мусобиқаи CAFA-2018 бонувони тоҷик медали биринҷӣ гирифтанд

Дар Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA-2018) мунтахаби футболи бонувони Тоҷикистон медали биринҷӣ ба даст оварданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон дар даври ниҳоии чемпионати CAFA бар тими Афғонистон бо ҳисоби 5:0 пирӯз шуда, сазовори медали биринҷӣ гардид. Гуфта мешавад, дар бозӣ бо дастаи бонувони Афғонистон дар […]

Asia-Plus

Дар Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA-2018) мунтахаби футболи бонувони Тоҷикистон медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон дар даври ниҳоии чемпионати CAFA бар тими Афғонистон бо ҳисоби 5:0 пирӯз шуда, сазовори медали биринҷӣ гардид.

Гуфта мешавад, дар бозӣ бо дастаи бонувони Афғонистон дар ҳайати тими бонувони мо Мадина Фозилова, Шукронаи Ҷумъахон дуголӣ, Лайло Ҳалимова як гол ба ҳадаф расониданд.

Ҳамин тариқ, дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон оид ба футбол барандаи медалҳои биринҷии чемпионати CAFA-2018 гардид. Дар мусобиқаи мазкур, ки дар Тошканд доир гашт, мунтахаби бонувони мо бо роҳбарии Сулаймон Бобокалонов аз 12 холи имконпазир 6 хол ба даст оварданд. Футболбозбонувони мо бар дастаҳои Қирғизистон (1:0) ва Афғонистон (5:0) ғалаба карда, аз дастаҳои Ӯзбекистон (0:11) ва Эрон (1:4) мағлуб шуданд.

Дастаи бонувони Ӯзбекистон, ки дар ҳар 4 бозӣ ғалаба кард, ғолиби чемпионат шуд. Медалҳои нуқра насиби тими Эрон гардид. Қирғизистон ҷои чорум, Афғонистон ҷои панҷумро ишғол карданд.

Пас аз натиҷагирии чемпионати CAFA дар Тошканд, мунтахаби бонувони Тоҷикистон дар баробари медалҳои биринҷӣ, ҳамчун дастаи боинтизоми чемпионат ҷоизаи фахрии «Fair play»-ро сазовор шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.