Тоҷикону ӯзбекон шифохонаҳои худро барои ҳамдигар боз мекунанд

Шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон акнун метавонанд ба истироҳатгоҳ, осоишгоҳу шифохона ва марказҳои солимӣ барои кӯдакон дар кишварҳои ҳамдигар бидуни ягон монеъа роҳхат гиранд. Охири ҳафтаи гузашта зимни сафари кории ҳайати Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба Тошканд дар ин хусус тавофуқ ҳосил шуд, хабар дод ба “Азия-Плюс” муовини раиси Федератсияи мазкур Исмоил Файзизода. Бино ба гуфтаи […]

Шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон акнун метавонанд ба истироҳатгоҳ, осоишгоҳу шифохона ва марказҳои солимӣ барои кӯдакон дар кишварҳои ҳамдигар бидуни ягон монеъа роҳхат гиранд.

Охири ҳафтаи гузашта зимни сафари кории ҳайати Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба Тошканд дар ин хусус тавофуқ ҳосил шуд, хабар дод ба “Азия-Плюс” муовини раиси Федератсияи мазкур Исмоил Файзизода.

Бино ба гуфтаи ӯ, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар осоишгоҳу шифохонаҳои Ӯзбекистон истироҳат ё табобат гиифтанианд, метавонанд дар намояндагиҳои Иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ роҳхат харидорӣ намоянд. Барои шаҳрвандони кишвари ҳамсоя низ чунин тартибот пешбинӣ шудааст: роҳхатҳоро ба осоишгоҳу шифохонаҳои Тоҷикистон онҳо аз худи Ӯзбекистон дастрас карда метавонанд.

Ғайр аз ин, иттифоқҳои касабаи ҳарду кишвар созиш ҳосил намуданд, ки шурӯъ аз тобистони соли оянда кӯдакону наврасони Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонанд таътили худро дар лагерҳои солимгардонии ҳарду кишвар гузаронанд.

Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид дар Тошканд иттифоқҳои касабаи кишварҳо дар мавриди рушди муносибатҳо байни иттифоқҳои касабаи соҳавӣ, аз ҷумла иттифоқҳои касабаи кормандони тиббӣ, маориф ва металлургия низ созиш ҳосил карданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.