Чин 70% саҳмияҳои “Тоҷиксодиротбонк”-ро хариданист

Ширкати роҳҳои оҳани Ҷунани Чин то 70% саҳмияҳои яке аз бонкҳои дорои мушкилоти Тоҷикистон – “Тоҷиксодиротбонк”-ро харида метавонад. Дар ин бора байни раҳбарияти корпоратсияи Чин ва бонки Тоҷикистон созишномаи дахлдори пешакӣ ба имзо расидааст, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз “Тоҷиксодиротбонк”. Бино ба иттилои манбаъ, айни замон сармоягузорони чинӣ имконоти ворид шудан ба сармояи бонки Тоҷикистонро […]

Ширкати роҳҳои оҳани Ҷунани Чин то 70% саҳмияҳои яке аз бонкҳои дорои мушкилоти Тоҷикистон – “Тоҷиксодиротбонк”-ро харида метавонад.

Дар ин бора байни раҳбарияти корпоратсияи Чин ва бонки Тоҷикистон созишномаи дахлдори пешакӣ ба имзо расидааст, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз “Тоҷиксодиротбонк”.

Бино ба иттилои манбаъ, айни замон сармоягузорони чинӣ имконоти ворид шудан ба сармояи бонки Тоҷикистонро мавриди омӯзиш қарор додаанд.

Бо назардошти айни замон каме бештар аз 300 млн. долларро ташкил додани сармояи “Тоҷиксодиротбонк”, ҳаҷми тахминии сармоягузории корпоратсияи чинӣ то 200 млн. долларро ташкил дода метавонад.

“Дар робита ба ҷалби захираҳои молиявӣ низ бо чанде аз ташкилотҳои хориҷӣ гуфтушунидҳо чараён доранд”, – гуфтанд дар бонк.

Инҳо аз ҷумла, бонкҳои русиягии “ВТБ”, “Себрбанк”, “Казкоммесрбонк”-и Қазоқистон, ҳамчунин сохторҳои тиҷоратӣ аз Гонконг, Словакия ва Малайзия мебошанд.

Ғайр аз ин, моҳи майи ҳамин сол “Тоҷиксодиротбонк” бо Ширкати сармоягузории Арабистони Саудӣ «Saudi Investment Group» қарордоди пешакӣ ба имзо расонид. Ширкати мазкур ният дошт, ки бастаи назоратии саҳмияҳо (то 51%-и саҳмия)-и “Тоҷиксодиротбонк”-ро харидорӣ намояд.

“Гуфтушунидҳо бо ҳамаи ин ташкилоту ширкатҳо идома дошта, бо яке аз онҳо, ки нахуст ба харидории саҳмияҳои бонки мо тасмим мегирад, қарордоди ниҳоӣ ба имзо хоҳад расид”, – илова карданд дар “Тоҷиксодиротбонк”.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.