Ба Тоҷикистон аз Туркия ба маблағи 6 млн. сомонӣ 300 тонна тухмии хушсифати пунбадона ворид гардид

Душанбе. 14-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Ба маблағи 6 млн. сомонӣ ба Тоҷикистон аз Туркия 300 тонна тухмии хушсифати пунбадонаи навъи «Флора» ва «Кармен» ворид гардид. Чӣ тавре ки аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, тибқи пешгӯиҳо, имсол ҳосилнокии ин навъи тухми пунбадона бояд аз 35 то 45 сентнер аз як гектарро […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 14-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Ба маблағи 6 млн. сомонӣ ба Тоҷикистон аз Туркия 300 тонна тухмии хушсифати пунбадонаи навъи «Флора» ва «Кармен» ворид гардид.




Чӣ тавре ки аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, тибқи пешгӯиҳо, имсол ҳосилнокии ин навъи тухми пунбадона бояд аз 35 то 45 сентнер аз як гектарро ташкил диҳад. «Ҳосилнокии 60 тонна аз ин навъи тухмии пунбадона, ки соли гузашта дар водии Ҳисор мавриди истифода қарор гирифта буд, 33 сентнер аз як гектарро ташкил дод», – гуфт манбаъ.



Ба иттилои манбаъ, дар баробари ворид сохтани тухмӣ, инчунин аз Туркия 15 адад техникаи кишоварзии соҳаи пахтакорӣ оварда шудааст. То имрӯз нақшаи кишти чигит дар ҷумҳурӣ ба андозаи 40 дарсад ба иҷро расидааст.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.