Вазорати молияи ҷумҳурӣ ҳаҷми хароҷоти буҷаи давлатиро ба миқдори 130,5 млн. $ коҳиш медиҳад

            Душанбе. 14-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Вазорати молияи ҶТ дар робита ба пешгирии таъсири оқибтҳои ногувори бӯҳрони молӣ ба иқтисоди кишвар ҳаҷми қисми хароҷоти буҷаи давлатиро барои соли 2009 ба миқдори 130,5 млн. $ коҳиш медиҳад.             Дар гузориши чанде қабл интишоргардидаи вазорат дар мавриди андешидани   тадбирҳои марбут ба бӯҳрони молӣ гуфта мешавад, […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 14-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Вазорати молияи ҶТ дар робита ба пешгирии таъсири оқибтҳои ногувори бӯҳрони молӣ ба иқтисоди кишвар ҳаҷми қисми хароҷоти буҷаи давлатиро барои соли 2009 ба миқдори 130,5 млн. $ коҳиш медиҳад.





           

Дар гузориши чанде қабл интишоргардидаи вазорат дар мавриди андешидани

 

тадбирҳои марбут ба бӯҳрони молӣ гуфта мешавад, коҳиши ҳаҷми маблағи хароҷот дар соҳаҳои хариди маҳсулот ва хизматрасонӣ, таъмир ва хизматрасонии техникӣ, хизматрасонии бахши алоқа, маблағгузории асосии мутамарказӣ, хариди мол барои афзоиши захираҳо, маблағгузориҳои дохилӣ ва қарздиҳӣ бо назардошти тарҳи ҳисоби маблағи пардохт пешбинӣ мегардад.




           

Дар гузориш зикр шудааст, ки маблағи хароҷот ба хизматрасонии коммуналӣ (нерӯи барқ ва газ), татбиқи барномаи сармоягузорӣ ба ноҳияҳои кишоварзӣ (бо назардошти қарздиҳии хурд), зиёд кардани шумори марказҳо ва таъсиси марказҳои нави дастгирии муҳоҷирони баргашта ба ватан ва ғайра ба миқдори 60 млн. сомонӣ афзун мегардад.




           

Ғайр аз ин, ҳаҷми маблағи хароҷоти буҷаи давлатӣ ба пардохти музди меҳнати кормандони соҳаи буҷа, пардохти маблағи корфармоҳо, пардохти фоизҳои дохилӣ ва хориҷӣ ва ҷудо кардани маблағҳо аз буҷаи марказӣ ба минтақаҳо дар ҳаҷми 98 млн. сомонӣ зиёд карда мешаванд.




           

Дар навбати худ, қисми даромади буҷаи давлатӣ пас аз тағйири нишондиҳандаҳо дар ҳаҷми 93 млн. сомонӣ коҳиш ёфта, дефитсити буҷаи соли ҷорӣ акнун 533 млн. сомониро ташкил хоҳад дод ва ин дар ҳолест, ки дар буҷаи ахири соли гузашта тасдиқшуда барои соли 2009 ин нишондиҳанда ба 103 млн. сомонӣ баробар буд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.