Гулсифат Шаҳидӣ муаллифи сол дар Лондон эътироф шуд

Date:

Нависандаи тоҷик Гулсифат Шаҳидӣ дар номинатсияи “Муаллифи беҳтарин”-и Ҷоизаи Hertfordshire Press-2018 дар Лондон муаллифи сол эътироф шуд.

Маросими тақдими Ҷоизаи адабии Hertfordshire Press-2018 дар маъруфтарин китобхонаи Англия – British Library баргузор шуда, дар номинатсияҳо (бахшҳо)-и гуногун 5 китоб зикр шуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ҷоиза

Яке аз онҳо – маҷмӯаи ҳикояҳои “Сказки бабушки Гульсифат” (Афсонаҳои бибии Гулсифат)-и адиби тоҷик мебошад.

Дар чорабинӣ қайд шуд, ки маҷмӯаи ҳикояҳои “Сказки бабушки Гульсифат” ба туфайли фикру мулоҳизаҳои хонандагону муҳаррирон ва аксбардорон, ки аз рӯҳияи некиву хайрҳоҳӣ ва самимият дар ҳамаи афсонаҳои нависанда мутаассир шуда буданд, дар бахши “Муаллифи беҳтарин” ғолиб дониста шуд.

Дар ин маросим намояндагони барҷастаи зиёиёни эҷодкори Лондон ва Китобхонаи Британия, ҳамчунин сафари Тоҷикистон дар Британияи Кабир Масъуд Халифазода ва намояндагони сафоратхонаҳои Қазоқистону Озарбойҷон ҳузур доштанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Маросими супурдани ҷоизаҳоро узви Ҷамъияти шоҳигарии Ҳунар Дэвид Перри раисӣ карда, ҷоизаҳоро ба ғолибон ношир ва нобиби президенти Eurasian Creative Guild (Лондон) Марат Аҳмадҷонов тақдим кард.

Ин китоби чоруми Гулсифат Шаҳидӣ мебошад, ки дар Лондон ба нашр мерасад. Соли 2018 нависанда дар бахши “Тарҷумаи беҳтарин” дар Open Eurasian Literature Festival and Book Forum дар Тайиланд ҷоиза ба даст оварда буд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар мусоҳиба ба нашрияи “Чархи гардун” аввали соли равон Гулсифат Шаҳидӣ изҳор намудааст, ки ҳоло соҳиби 10 китоб бо жанрҳои гуногун буда, панҷ асараш ба англисӣ тарҷума шудааст.

Гуфта мешавад, Гулсифат Шаҳидӣ аз чеҳраҳоест, ки дар дохилу берун аз ҷумҳуриамон мешиносанд. Муаллифи даҳ китоби дар жанрҳои гуногун навиштааш дар дили хонандагону мухлисонаш ҷой гирифта, аллакай соҳиби ҷоизаҳои гуногуни байналхалқӣ гардиданд. Аввалин китобаш «Шаҳри ормонҳои сабз» охири соли 2014 чоп шуд ва муаллиф бо Ҷоизаи аввали Форуми байналхалқии нависандагон дар Лондон сарфароз гардид.

Баъдан китоби «Дилу дидаам ба сӯи Шарқ» дар Кембриҷу Стокголм, китоби «Ҳамсояҳои нозанини ман» дар Лондону Москва, китоби афсонаҳояш дар Таиланд соҳиби ҷоизаҳои гуногун гардиданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.   

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...