Сарулибоси милитсионерҳои тоҷик баҳор нав мешавад

Намунаҳои сарулибоси нави кормандони мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон то санаи 1 март омода мешаванд, хабар дод ба “Азия-Плюс” ҳамоҳангсози миллӣ оид ба масоили ислоҳот дар милитсия, генерал-майор Фарҳодбек Шодмонзода. Бино ба гуфтаи ӯ, аввали моҳи март намунаҳои сарулибоси нави кормандони милитсия аллакай барои тасдиқ ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод мешаванд. “Агар президент намунаи сарулибоси […]

Намунаҳои сарулибоси нави кормандони мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон то санаи 1 март омода мешаванд, хабар дод ба “Азия-Плюс” ҳамоҳангсози миллӣ оид ба масоили ислоҳот дар милитсия, генерал-майор Фарҳодбек Шодмонзода.

Бино ба гуфтаи ӯ, аввали моҳи март намунаҳои сарулибоси нави кормандони милитсия аллакай барои тасдиқ ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод мешаванд.

“Агар президент намунаи сарулибоси нави кормандони мақомоти корҳои дохилиро тасдиқ намояд, дар навбати аввал кормандони хадамоти посбониву назорат, БДА ва нозирони минтақавии шаҳри Душанбе бо он таъмин мешаванд”, – қайд кард Фарҳодбек Шодмонзода.

Зимнан зикр гардид, ки дар сарулибоси нав ба ҷойи калимаи маъмулии “милитсия” – “политсия” навишта хоҳад шуд.

Таҳиягари сарулибос номаълум аст

Тирамоҳи соли гузашта ВКД Тоҷикистон дар бораи таҳияи ороишот (дизайн)-и ҳама гуна навъи сарулибос, пойафзол ва аломатҳои кормандони милитсия озмун эълон кард.

“Сарулибоси нави кормандони милитсия бояд мояи ифтихору эҳтиром натанҳо барои худи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, балки тамоми шаҳрвнадони кишвар низ бошад”, – қайд карда буданд он замон дар ВКД.

Зикр гардида буд, ки таркибҳои сарулибос бо назардошти шароити обуҳавои минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон таҳия мешаванд. Сарулибоси кормандони хадамоти посбонии роҳ бояд аз қисмҳои инъикоси рӯшноӣ иборат бошад.

Доман (юбка) ва сарулибос барои занон бояд на болотар аз зону бошанд. Пойафзоли занона метавонад бо пошна бошад, лекин на баландтар аз 4,5 сантиметр.

Барои сарулибоси нави кормандони милитсия рангҳои сафед, хокистарӣ, сурхи баланд тавсия дода шуда буд.

Дар ҳамин ҳол, алҳол маълум нест, ки дар ин озмун кӣ ғолиб омадаву барои милитсионерҳои тоҷик сарулибоси нав омода мекунад.

Аз мо беҳтар аст

Дар сомонаи “Азия-Плюс” бобати дар кадом давлат аз ҳама шинаму қулай ва зеботар будани сарулибоси кормандони милитсия назарпурсӣ гузаронида шуд.

Аз рӯи натиҷаҳои ҳозира сарулибоси милитсионерҳои тоҷик ба корбарони сомона писанд омада, баъди Арманистон онҳо дар зинаи дуюм қарор доранд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.