Оғози фаъолияти ду ширкати нави суғурта дар Тоҷикистон

Бонки миллии Тоҷикистон аз оғози сол ба ду ширкати нав – “Меҳрубон” ва “Суғуртаи Тоҷик ва Чин” ҷиҳати анҷоми фаъолияти суғуртавӣ иҷозатнома дод. Бо қарори аз санаи 23 январ қабулшудаи Бонки миллӣ ба ширкати “Меҳрубон” ҷиҳати роҳандозии фаъолияти суғуртавӣ иҷоза дода шуд. Санаи 3 январи ҳамин сол ширкати “Суғуртаи Тоҷик ва Чин” барои анҷоми фаъолияти […]

Бонки миллии Тоҷикистон аз оғози сол ба ду ширкати нав – “Меҳрубон” ва “Суғуртаи Тоҷик ва Чин” ҷиҳати анҷоми фаъолияти суғуртавӣ иҷозатнома дод.

Бо қарори аз санаи 23 январ қабулшудаи Бонки миллӣ ба ширкати “Меҳрубон” ҷиҳати роҳандозии фаъолияти суғуртавӣ иҷоза дода шуд.

Санаи 3 январи ҳамин сол ширкати “Суғуртаи Тоҷик ва Чин” барои анҷоми фаъолияти суғуртавӣ ба муҳлати се сол иҷозатнома гирифт.

Ширкати мазкур бо гузашти се сол фаъолияти худро барқарор намуд: ширкат муҳлати иҷозатномаашро, ки аввали соли 2016 ба охир расида буд, дароз накард.

Айни замон дар бозори суғурта (бима)-и Тоҷикистон наздики 20 ширкатҳои гуногуни суғурта амал мекунанд, ки дутои онҳо – КВД “Тоҷиксуғурта” ва ШДС “Тоҷиксармоягузор” давлатӣ мебошанд.

Дар бозори суғуртаи кишвар байни ширкатҳои хусусӣ “Лидер иншуренс”, “Муин”, Труд” ва “Эсхата Суғурта” нисбатан фаъолтар дониста мешаванд.

Дар қонунгузории Тоҷикистон, суғуртаи субъекту объектҳо аз рӯи 43 навъи фаъолият пешбинӣ шудааст.

Дар бозор навъи суғуртаҳое ба мисли суғуртаи амвол, шахсӣ, масъулият ва суғуртаи ҳаёт бештар серталаб аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.