Шурӯъ аз соли нави хониш хати арабӣ дар макотиби ҷумҳурӣ дар муддати 8 сол омӯхта мешавад

Душанбе. 14-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Ахири ҳафтаи гузашта вазири маорифи ҶТ Абдуҷаббор Раҳмонов дар ҷамъи рӯзномнигорон изҳор дошт, ки шурӯъ аз соли нави хониш омӯзиши алифбои ниёгон дар макотиби таҳсилоти умумии кишвар то синфи 11 ҷорӣ хоҳад гардид. Номбурда гуфт, феълан толибилмон аз синфи 4 то синфи 7 хати арабиро меомӯзанд. «Китобҳои таълимии нав […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 14-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Ахири ҳафтаи гузашта вазири маорифи ҶТ Абдуҷаббор Раҳмонов дар ҷамъи рӯзномнигорон изҳор дошт, ки шурӯъ аз соли нави хониш омӯзиши алифбои ниёгон дар макотиби таҳсилоти умумии кишвар то синфи 11 ҷорӣ хоҳад гардид.




Номбурда гуфт, феълан толибилмон аз синфи 4 то синфи 7 хати арабиро меомӯзанд. «Китобҳои таълимии нав барои синфҳои 7-11 бо дастгирии вазорати маорифи Эрон таҳия мешаванд», – гуфт ӯ.



Ба гуфтаи вазир, китоби дарсии «Матнҳои адабӣ» чун замима ба китоби дарсии адабиёти тоҷик аз ҷониби мутахассисони тоҷик омода гардида, дар Эрон ба чоп хоҳад расид. «Дарсҳо аз рӯи китоби мзкур аз синфи 4 ҷорӣ гардида, он ба барномаи таълимӣ аллакай дохил карда шуд», – афзуд А.Раҳмонов.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.