Давлати Усмон: Гунаҳкории собиқ раиси БМТ-ро бояд додгоҳ муайян кунад

Душанбе. 14-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Собиқ вазири иқтисоди ҷумҳурӣ Давлати Усмон бар ин назар аст, ки натиҷаи санҷиши фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон аз ҷониби ширкати аудити байнулмилалӣ ба шаффофияти минбаъдаи амалиёт дар низоми молиявии кишвар мусоидат мекунад. Ба гуфтаи ӯ, натиҷаҳои аудит бозгӯи мушкилоте мебошанд, ки тайи даҳсолаи ахир дар низоми молиявии ҷумҳурӣ ба […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 14-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Собиқ вазири иқтисоди ҷумҳурӣ Давлати Усмон бар ин назар аст, ки натиҷаи санҷиши фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон аз ҷониби ширкати аудити байнулмилалӣ ба шаффофияти минбаъдаи амалиёт дар низоми молиявии кишвар мусоидат мекунад.




Ба гуфтаи ӯ, натиҷаҳои аудит бозгӯи мушкилоте мебошанд, ки тайи даҳсолаи ахир дар низоми молиявии ҷумҳурӣ ба вуҷуд омадаанд. «Дар ин кор гурӯҳҳову шахсони алоҳидаи зиёде даст доранд ва гунаҳкории собиқ раиси БМТ Муродалӣ Алимардонро бояд додгоҳ муайян намояд», – гуфт ӯ.



Д.Усмон мегӯяд, баргузории аудит дар Тоҷикистон падидаи хубест ва дар кишварҳои мутараққӣ ин як амали маъмулиест, ки ба шаффофияти муносиботи молиявӣ мусоидат карда, мутаносибан ба рушди бахшҳои гуногуни иқтисод кӯмак мерасонад. «Аз ин рӯ, хуб мешуд, агар чунин санҷишҳо дар дигар корхонаву муассисаҳои давлатӣ низ гузаронида шаванд», – гуфт Д.Усмон.



Коршинос мӯътақид аст, ки ҷиҳати ҳалли масъала ҳукуматро зарур аст, як комиссияи салоҳиятдоре таъсис бидиҳад, то чораҳои зарурӣ андешида шаванд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.