Бо кӯмаки ИМА дар Кумитаи давлатии амнияти миллӣ маркази таҳлилӣ ифтитоҳ гардид

            Душанбе. 14-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ Хайриддин Абдураҳимов ва сафири ИМА дар Тоҷикистон Трейси Энн Ҷейкобсон дар маросими расмии ифтитоҳи маркази таҳлилӣ дар кумитаи мазкур иштирок карданд.             Чӣ тавре ки аз намояндагии дипломатии ИМА дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ифтитоҳи маркази мазкур натиҷаи ҳамкории пурсамари […]

Аваз Юлдошев



           

Душанбе. 14-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ Хайриддин Абдураҳимов ва сафири ИМА дар Тоҷикистон Трейси Энн Ҷейкобсон дар маросими расмии ифтитоҳи маркази таҳлилӣ дар кумитаи мазкур иштирок карданд.





           

Чӣ тавре ки аз намояндагии дипломатии ИМА дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ифтитоҳи маркази мазкур натиҷаи ҳамкории пурсамари кишварҳо дар татбиқи лоиҳаҳои муштарак мебошад, ки бо мақсади такмили раванди ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумот ва мусоидат ба баланд бардоштани сатҳи тахассусии кормандони кумита амалӣ гардидааст. «Арзиши лоиҳаи мазкур беш аз 710 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод», – гуфт манбаъ.




           

Бино ба иттилои манбаъ, марказ бо чаҳор озмоишгоҳи компютерӣ ва утоқи серверӣ бо 50 адад компютер муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Ғайр аз ин, барои доир сохтани семинару тренингҳо дар марказ толори баргузории конфронс низ ба истифода дода шуд.




           

Шурӯъ аз соли 1992 сафорати ИМА дар Тоҷикистон баҳри таъмини амният дар марзҳо ва дастгирии мубориза бо маводи мухаддир ба маблағи умумии 28 млн. $ ба ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон кӯмак расонид.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.