Манъи ҳаракати мошинҳои боркаши ҳомили бори Тоҷикистон аз ҳудуди Туркманистон

Date:

“Мо нақша доштем, ки марзи Туркияву Эронро убур карда, аз ҳудуди Туркманистон ба Тоҷикистон сафар намоем. Лекин ба мо гуфтанд, ки мошинҳои ҳомили бори Тоҷикистонро ба ҳудуди Туркманистон роҳ намедиҳанд. Ҳамин тавр, қарор кардем, ки дар ҳудуди Туркия истода, ҳалли мушкилро мунтазир шавем”,- зикр намуд ба “Азия-Плюс” яке аз ронандагони мошини боркаш.

Ба гуфтаи ӯ, бисёре аз мошинҳои боркаши ҳомили бори Тоҷикистон дар марзҳои Эрону Туркманистон, Ӯзбекистону Туркманистон ва чандеи дигар дар ҳудуди Туркманистон дармондаанд.

Роҳбари яке аз ширкатҳое, ки ба интиқоли байналмилалии борҳо машғул аст, бо шарти ифшо нашудани номаш ба “Азия-Плюс” тайид намуд, ки борҳои ба Тоҷикистон воридшаванда ё аз Тоҷикистон содиршавандаро чанд рӯз аст, ки ба ҳудуди Туркманистон роҳ намедиҳанд. Дар навбати худ, гумрукчиёни туркман сабаби чунин бархӯрди худро шарҳ намедиҳанд, гуфт ӯ.

Ширкатҳое, ки ба интиқоли бор машғуланд, ба вазорати нақлиёт ҷиҳати расидагӣ ба ҳалли мушкили худ, муроҷиат намудаанд.

Дар вазорати нақлиёт ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки якҷо бо вазорати корҳои хориҷӣ барои ҳалли ин мушкил талош доранд.

Дар вазорати нақлиёт иброз доштанд, ки вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон вобаста ба ин мушкил ба ҳамтои туркмани худ дар тамос шуда, ваъда гирифтааст, ки ин мушкил баррасӣ гардида, дар наздиктарин фурсат посух фиристода мешавад.

Ёдовар мешавем, ки мушкили убури сарҳад аз ҷониби мошинҳои боркаши ҳомили бори Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2018 низ пеш омада буд. Ронандагони мошинҳои боркаш як моҳ дар марзи Эрону Туркманистон ва Ӯзбекистону Туркманистон мунтазир монданд.

Он замон вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба ронандагон тавсия дода буд, ки тариқи Озарбойҷон ҳаракат намоянд. Гуфта мешуд, ки аз Озарбойҷон ба Қазоқистон ва аз он ҷо тариқи Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ҳаракат намоянд.

Баъзе аз таҳлилгарон он замон чунин бархӯрди Туркманистонро ба изҳороти роҳбарияти Тоҷикистон ҷиҳати истифодаи ҳудуди Ӯзбекистон барои интиқоли борҳои худ, вобаста карда буданд.

Он замон ҳам сабаби аслии манъи ҳаракати мошинҳои боркаши ҳомили бори Тоҷикистон расман шарҳ дода нашуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...