Сайфулло Сафаров: “Хушҳолам, ки бо сари баланд ба нафақа баромадам”

Сайфулло Сафаров аз вазифаи муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сабукдӯш гардид. Дар матни Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз, 5 феврал таҳти №АП-1163 содир гардид, омадааст: “Сайфуллои Сафар Саъдуллозода бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад”. Сайфулло Сафаров […]

Ҷасур Абдуллоев, Asia-Plus

Сайфулло Сафаров аз вазифаи муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сабукдӯш гардид.

Дар матни Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз, 5 феврал таҳти №АП-1163 содир гардид, омадааст: “Сайфуллои Сафар Саъдуллозода бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад”.

Сайфулло Сафаров зимни як суҳбати кӯтоҳ ба “Азия – Плюс” гуфт, ки “Амри Президент барои ӯ волост ва аз он хушҳол аст, ки бо сари баланд ба нафақа баромадааст”.

Ӯ ҳамчунин илова намуд, ки “акнун барои анҷоми корҳои илмӣ ва ҷамъиятӣ вақте бештар пайдо хоҳад кард”.

Сайфулло Сафаров дар ин мақом аз 11 майи соли 2012 фаъолият дошт. Ба ҷойи ӯ Парвиз Муҳаммадзода таъйин гардид.

Ҳамчунин, имрӯз, 5 феврал бо Амри Президент Худобердӣ Холиқназар аз вазифаи директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва ба ҷойи ӯ Диловар Кодирзод таъйин карда шуд.

Фарида Муминова, муовини дигари директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо Амри Президент аз вазифа озод гардид.

Бо сабаби ба нафақа баромадан, бо фармони Президент аз вазифаи Сафири фавқулодда ва Мухтори Тоҷикистон дар Эрон Неъматулло Эмомзода озод карда шуд.

Насриддин Исматулло аз вазифаи муовини вазири корҳои хориҷии ҶТ озод ва ба вазифаи сафири Тоҷикистон дар Покистон таъйин гардид.

Ҳамчунин, муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадотии КДАМ-и Тоҷикистон Баҳриддин Мирзоев аз вазифа озод ва ба ҷойи ӯ Абдусаттор Шоҳиён таъйин карда шуд

Абдукарим Зарифзода низ аз вазифаи муовини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия озод гардид.

Инчунин, дар як қатор сохторҳои давлатӣ тағйироти кадрӣ сурат гирифт.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.