Рустами Эмомалӣ ба шаҳри Хоруғ техникаи муосири роҳнигоҳдорӣ тақдим кард

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ду техникаи муосири роҳнигоҳдорӣ-автогрейдер ва боркунаки фронталӣ тақдим кард. Бино ба иттилои АМИТ “Ховар” бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, техникаи мазкур ба маблағи зиёда аз 1 млн. сомонӣ харида шуда, дар як вақт се амалро иҷро мекунад. Гуфта мешавад, тавре […]

АМИТ “Ховар”

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ду техникаи муосири роҳнигоҳдорӣ-автогрейдер ва боркунаки фронталӣ тақдим кард.

Бино ба иттилои АМИТ “Ховар” бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, техникаи мазкур ба маблағи зиёда аз 1 млн. сомонӣ харида шуда, дар як вақт се амалро иҷро мекунад.

Гуфта мешавад, тавре муовини сардори Раёсати Вазорати нақлиёти Тоҷикистон  Эгамбердӣ Хуҷаев зикр кард, бо дастгирии ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати таъмини паркҳои технологии муассисаҳои роҳнигаҳдории ВМКБ ва навоҳии минтақаи Рашт 81 адад техника ва механизми роҳсозӣ  бо харҷи беш аз 5 миллион доллар харидорӣ гардиданд.

Бин ба иттилои манбаъ, дар марҳилаи аввал аз Ҷумҳурии Мардумии Чин 23 техникаи пуриқтидори роҳнигоҳдорӣ ба қаламрави мамлакат  ворид карда мешаванд. 6 адад боркунаки фронталӣ аллакай ба ҳудуди вилоят ворид шудаанд.

Зикр мегардад, ки техникаи муосири роҳсозӣ дар назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон саф ороста, дар ҳузури иҷрокунандаи вазифаи раиси ВМКБ Ёдгор Файзов ба шаҳру ноҳияҳои вилоят тақсим карда шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.