Имсол фестивали ҷумҳуриявии “Суруди модар-Алла” доир мегардад

Date:

Бо мақсади таҷлили Рӯзи Модарон, ки ҳамасола дар тамоми олам санаи 8 март таҷлил карда мешавад, бо фармоиши раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақша чорабиниҳои мукаммал ба тасвиб расид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумита, тибқи нақшаи тасдиқгардида аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш силсила чорабиниҳли маърифатию фарҳангӣ, адабию омӯзишӣ ва фарҳангию фароғатӣ миёни ҷавондухтарон, собиқадорони соҳа, варзишгарзанон ва модарони рӯзгордида баргузор карда мешавад.

Дар доираи нақша чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш моҳи марти соли 2019 баргузории фестивали ҷумҳуриявии “Суруди модар – Алла”, мизи мудаввар  таҳти унвони “Нақши занону модарон  дар баланд бардоштани маърифати оиладорӣ” ба нақша гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, ба ин муносибат ҳамчунин баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Ҷавондухтари ҳунарманди сол”, чорабинии тантанавӣ бо иштироки занони баруманди ҷумҳурӣ таҳти унвони “Сад ҷону дил фидои як мудаои модар”, баргузории семинарҳои  омӯзишӣ бо иштироки  ҷавондухтарони соҳибкор, аксияҳои тарғиботӣ ташвиқотӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ – фароғатӣ ва суҳбату мулоқотҳои судманд дар назар аст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...