Нархи оби нӯшокӣ нимсолаи аввал боло намеравад

Нархи оби нӯшокӣ нимсолаи аввал дар Тоҷикистон боло намеравад, итминон дод директори генералии КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” Ҷамшед Табарзода. Ӯ имрӯз ба журналистон хабар дод, ки айни замон корхона ҷиҳати муайян кардани арзиши аслии истеҳсоли оби нӯшокӣ таҳқиқот мегузаронад ва баъди ҷамъбасти натиҷаҳои семоҳаи дуюми соли 2019 дар ин хусус хулоса бароварда хоҳад шуд. Ҳамчунин […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Нархи оби нӯшокӣ нимсолаи аввал дар Тоҷикистон боло намеравад, итминон дод директори генералии КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” Ҷамшед Табарзода.

Ӯ имрӯз ба журналистон хабар дод, ки айни замон корхона ҷиҳати муайян кардани арзиши аслии истеҳсоли оби нӯшокӣ таҳқиқот мегузаронад ва баъди ҷамъбасти натиҷаҳои семоҳаи дуюми соли 2019 дар ин хусус хулоса бароварда хоҳад шуд.

Ҳамчунин хотиррасон шуд, ки мувофиқи қонунгузорӣ, тарифҳо ба таъминот бо об, баровардани партов ва дигар хизматрасониҳои коммуналӣ бояд ҳамасола мавриди бозбинӣ қарор гиранд.

“Айни замон мо масъалаи ба як низом овардани тарифҳоро баррасӣ ва бори дигар арзиши аслии воқеии истеҳсоли оби нӯшокиро муайян карданием. Ҳозир дар ин бора ягон пешниҳоди мушаххасе вуҷуд надошта, баъди натиҷагирӣ аз фаъолият дар нимсолаи аввали соли равон ба хулосае расидан имкон дорад”, – гуфт ӯ.

Қаблан, тобистони соли гузашта дар КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” қайд карда буданд, ки арзиши аслии 1 метри мукааби оӣби нӯшокӣ 2,65 сомониро ташкил медиҳад ва ин дар замоне буд, ки аҳолии минтақаҳои ҷумҳурӣ барои 1 метри мукааби он ба ҳисоби миёна 0,91 сомонӣ маблағ пардохт мекард.

Аммо тирамоҳи соли ҷорӣ тарифҳо ба об якбора ба миқдори назаррас боло рафта, пас аз ин сокинони пойтахт ба пардохти 1,73 сомонӣ барои 1 метри мукааб (се баробар болоравӣ ҳамроҳи обу корез 2,34 с) ва аҳолии минтақаҳо – пардохти аз 1,57 то 2,40 сомони (барои оби нӯшокӣ ҳамроҳи обу корез) бо ҳисобкунак вобаста ба минтақаҳо ва коэффисиенти онҳо уҳдадор шуданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.