Тарс аз ҳарфи мардум ва ангуштнамои ҷомеа гаштан, беқадрии занҳои тоҷикро коршиносон сабаби аслии ба ҳамсарони худ тариқи расонаҳо изҳори муҳаббат накардани мардони тоҷик медонанд.
Дар Эрон ба занҳои худ тариқи расонаҳо изҳори муҳаббат кардани мардон хеле маъмул аст. Инчунин, мардҳои эронӣ занҳои худро тариқи газетаҳо бо зодрӯзашон ё ҷашнҳои дигар табрик менамоянд. Ин дар ҳолест, ки Эрон ҷумҳурии исломӣ ва ҷомеаи он мазҳабӣ аст. Аммо дар Тоҷикистон, ки ҳам низом ва ҳам ҷомеаи дунявӣ дорад, ошкоро ё тариқи расонаҳо изҳори муҳаббат кардани мардон маъмул нест. Мардҳои тоҷик дар баъзе ҳолат, бо ҳамсарони худ ҳатто ба тарабхона намераванд.
Марям Давлатова, равоншинос ва таҳлилгари масоили гендерӣ тарс аз гирифтани тамғаи “занкалон” (марде, ки аз занаш ҳарос дорад)-ро яке аз сабабҳои асосии тариқи расонаҳо ё ба таври ошкор изҳори муҳаббат ва меҳрубонӣ накардани мардонӣ тоҷик меномад. Ба андешаи ӯ, агар марди тоҷик ба ҳамсари худ ба таври ошкор изҳори муҳаббат намояд, назди дӯстон ҳамчун марде шинохта мешавад, ки аз ҳамсараш ҳарос дорад.
– Аммо мардҳои тоҷик бо маъшуқаҳояшон ба тарабхонаҳо мераванд, ки ин аз заъфи камолоти онҳо шаҳодат медиҳад. Дар Эрон мардон бо ҳамсарони худ ифтихор мекунанд. Эҳтироми зан ва кӯмак ба корҳои хонаводагӣ дар ин кишвар, амали муқаррарӣ дониста мешавад, – мегӯяд М. Давлатова.
Ҷойгоҳи баланд доштани манзалати зан дар ҷомеаи Эронро таҳлилгарони дигар низ зикр менамоянд. Масалан, журналист Раҷаби Мирзо иброз менамояд, ки мақом ва арзиши зан дар Эрон бо фарқ аз Тоҷикистон воқеан воло аст: “Арзиши маҳр дар ин кишвар хеле гарон аст. Яъне оила барпо кардан барои марди эронӣ хеле гарон аст. Аз ин сабаб, мардҳои эронӣ ба занҳои худ содиқанд ва ба онҳо меҳрубонӣ мекунанд. Зеро агар марди эронӣ аз ҳамсараш ҷудо шавад, ба ӯ маблағи зиёд бояд пардохт намояд. Сабаби хеле кам будани талоқ ва зани дуюму сеюм нагирифтан дар Эрон ҳамин аст”.
Адибаи Азиз, яке аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ мегӯяд, ки “рафтору кирдори мардҳо бар пояи андеша ва бархӯрди ҷомеа шакл мегирад. Яъне мардони тоҷик аз тарси гапи мардум ба ҳамсарони худ тариқи расонаҳо эҳсоси худро баён наменамоянд”.
Аммо ба андешаи Рустам Азизӣ, таҳлилгари масоили динӣ “дар ҷомеаи суннатии мо изҳори эҳсос, ба вижа эҳсоси муҳаббат ҳарими хонаводагӣ ба ҳисоб меравад ва дар умум, мавриди накӯҳиш қарор дорад. Аз ин рӯ, дар Тоҷикистон фарҳанги изҳори ошкорои эҳсос ташаккул наёфтааст”.
Тавре зикр намудем, Эрон давлати исломӣ аст ва ҷомеаи он бештар аз Тоҷикистон мазҳабӣ аст. Аммо дар он кишвар изҳори эҳсос, ба вижа эҳсоси муҳаббат ошкору маъмул аст.
Аз ин сабаб, омили аслии “ҳарими хонаводагӣ” ба ҳисоб рафтани изҳори эҳсоси муҳаббат дар Тоҷикистонро беҳтар мебуд дар фарҳанги косташудаи муносибати зану шавҳар, манзалати зан дар ҷомеаи Тоҷикистон ҷуст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


