Шикори ронандагони автомашинаҳои дар пиёдароҳҳо гузошташуда

Мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе аз 19 то 28 феврал амалиёти махсуси “Пиёдароҳ” (Тротуар) мегузаронад, ки дар рафти он ронандагони автомашинаҳояшон дар пиёдароҳҳо гузошташуда ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб мешаванд. Бо ин мақсад гурӯҳҳои корие таъсис дода шудаанд, ки ба онҳо ба ҷуз кормандони милитсия, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва рӯзноманигорон низ шомиланд. Сардори Раёсати ВКД дар шаҳри […]

Мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе аз 19 то 28 феврал амалиёти махсуси “Пиёдароҳ” (Тротуар) мегузаронад, ки дар рафти он ронандагони автомашинаҳояшон дар пиёдароҳҳо гузошташуда ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб мешаванд.

Бо ин мақсад гурӯҳҳои корие таъсис дода шудаанд, ки ба онҳо ба ҷуз кормандони милитсия, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва рӯзноманигорон низ шомиланд.

Сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Шариф Назарзода имрӯз зимни брифинг бахшида ба оғози амалиёти зикршуда аз сокинони пойтахт даъват кард, ки дар кори ҷорӣ намудани тартибот дар роҳҳои шаҳр фаъолона ширкат варзанд.

Бино ба гуфтаи ӯ, охири ҳафтаи гузашта дар пойтахт амалиёти махсуси “Микроавтобус” гузаронида шуда, дар ҷараёни он бо кумаки аҳолӣ беш аз 200 ҳолатҳои қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби ронандагони нақлиёти ҷамъиятии шаҳр ошкор шудааст.

Генерал-майор зикр кард, ки зимни баргузории амалиёти “Микроавтобус” давоми як ҳафта ронандагони нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе ба беш аз 1 ҳазор қоидавайронкуниҳо дар роҳ даст задаанд.

Қобили зикр аст, ки 745 нафар ронандагон барои худсарона баромадан аз хати сайр ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шуда, 311 нафар барои аз меъёри муқаррарӣ зиёд савор намудани мусофирон ҷарима шудаанд.

Дар ҷараёни баргузории амлиёти “Микроавтобус” дар роҳҳои пойтахт ба сурати умум 3,2 ҳазор ҳолатҳои қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ошкор ва нисбати ронандагону дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ маводҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.