Милитсияи пойтахт ронандаро барои таҳқири зани роҳрӯб ҷарима кард

Корманди Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Сино, роҳрӯб Сарагул Носироваи 56-сола ба телефони боварии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе занг зада, аз таҳқири як ронанда ҳангоми иҷрои кораш шикоят мекунад. Бино ба иттилои маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, ӯ изҳор намудааст, ки ҳангоми иҷрои уҳдадориҳи хизматиаш дар кӯчаи Ҳаёти нав автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” (рақами […]

Корманди Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Сино, роҳрӯб Сарагул Носироваи 56-сола ба телефони боварии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе занг зада, аз таҳқири як ронанда ҳангоми иҷрои кораш шикоят мекунад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, ӯ изҳор намудааст, ки ҳангоми иҷрои уҳдадориҳи хизматиаш дар кӯчаи Ҳаёти нав автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” (рақами давлаиташ 0054 АК 01) паҳлӯяш бозистода, ронандаи автомашина гӯё барои халал расонидан ба ҳаракати автомашинааш ба таҳқиру дашноми зан пардохтааст.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи роҳандозии ҷораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯии кормандони милитсия муайян карда шудааст, ки ин автомашина ба сокини 44-солаи шаҳри Бохтар Абдуқодир Ширинов тааллуқ доштааст.

Бо вуҷуди ба гуноҳи худ иқрор шудани ронанда ва маъзарат хостан аз зани роҳрӯб, нисбати Ширинов мутобиқи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ (майдаавбошӣ) парванда боз шуда, ронанда ба маблағи 385 сомонӣ ҷарима шудааст.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз сокинон ва меҳмонони пойтахт дархост намудааст, ки дар ҳолатҳои шоҳиди ягон ҳодисаҳои ҷиноӣ, ҳуқуқвайронкунӣ ва ё муноқишаву чунин кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ гардидан ба телефони боварии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе 221-15-00, почтаи электронии Раёсат [email protected], саҳифаи расмии Раёсат дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук бо номи «Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе» муроҷиат намоянд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.