Данғара: ҳалокати 4 нафар бар асари бархӯрди автомашинаҳо

Шоми рӯзи 17 феврал дар ноҳияи Данғара садамаи нақлиёт рух дода, ду автомашинаи сабукрав ба ҳамдигар бархӯрданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, Абдуғаффор Маҷидови 47-сола, сокини ноҳияи Фархор ҳангоми ҳаракат бо автомашинаи тамғаи “БМВ” дар роҳи автомобилгарди Душанбе-Ваҳдат-Кӯлоб аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ мебарояд ва ба автомашинаи […]

Шоми рӯзи 17 феврал дар ноҳияи Данғара садамаи нақлиёт рух дода, ду автомашинаи сабукрав ба ҳамдигар бархӯрданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, Абдуғаффор Маҷидови 47-сола, сокини ноҳияи Фархор ҳангоми ҳаракат бо автомашинаи тамғаи “БМВ” дар роҳи автомобилгарди Душанбе-Ваҳдат-Кӯлоб аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ мебарояд ва ба автомашинаи тамғаи “Мерседес” таҳти идораи сокини 28-солаи ноҳияи Данғара Ҷаҳонгир Холматов бармехӯрад.

Гуфта мешавад, бар асари бархӯрд ронандагони ҳарду автомашина – Маҷидов ва Холматов дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Мусофирзани “БМВ” Зебуннисо Назарова, соли таваллудаш 1956, сокини ноҳияи Фархор ва мусофири “Мерседес” Илҳом Сулаймонов, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи Данғара аз ҷароҳатҳои бардошта дар бемористон ҳалок шудаанд.

Боз ду нафар мусофирони дигар – Нурмаҳмад Эшмуродови 29-сола ва Сайлигул Азимоваи 30-сола бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Зикр мегардад, ки ҳодисаи мазкур мавриди санҷиш қарор дошта, сабабҳо ва ҳолатҳои рух додани садамаи нақлиёт таҳқиқ мешаванд.

Тибқи маълумоти ВКД Тоҷикистон, соли гузашта дар ҷумҳурӣ 1 ҳазору 285 ҳодисаи садамаи нақлиёт ба қайд гирифта шуда, бар асари онҳо 396 нафар ҳалок ва 1 ҳазору 357 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисонӣ бардоштанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.