Санкт – Петербург дар Тоҷикистон ва Қирғизистон маркази танзими муҳоҷирон боз мекунад

Date:

“Маркази захираҳои меҳнатӣ”-и Санкт – Петербург хабар медиҳад, ки мақомоти ин шаҳр мехоҳанд дар Тоҷикистон ва Қирғизистон маркази танзими муҳоҷиронро боз намоянд.

“Маркази захираҳои меҳнатӣ” (МЗМ) дар мавриди ташкили чор маркази танзими муҳоҷирон дар Тоҷикистон ва Қирғизистон озмун эълон намуд. Дар нақша аст, ки бо ёрии марказҳои мазкур ҳазорҳо шаҳрванд дар корхонаҳои ин шаҳр бо кор таъмин карда шаванд, менависад  ca-news.org.

Созмони ғолибгардида координатори лоиҳае мегардад, ки 6,6 миллион рубл (ҳудуди $100 ҳазор) хазина дорад. Ин маблағ аз ҳисоби буҷаи шаҳри Санкт – Петербург ҷудо гардидааст. Иттилоъ дода мешавад, ки як марказ дар Қирғизистон ва се маркази дигар дар Тоҷикистон боз хоҳанд шуд. Тибқи нақша, дар панҷ моҳи фаъолияти лоиҳаи мазкур дар корхонаҳои шаҳри Санкт – Петербург на кам аз 1000 нафар бо кор таъмин карда мешаванд.

Муҳоҷироне, ки дар асоси ин лоиҳа интихоб мешаванд, дар соҳаи сохтмон, меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо бо кор таъмин мегарданд. Соли гузашта муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ бештар ҳамчун ёрдамчии устои сохтмончӣ, ошпаз, хиштчин ва боркаш ба кор қабул гардидаанд.

Аз ҳисоби “Маркази захираҳои меҳнатӣ” бармеояд, ки ҷалби муҳоҷирон ба буҷаи ин шаҳр ҳудуди 20 миллион рубл ($300 ҳазор) фоида меорад. Соли гузашта МЗМ шаш маркази танзими муҳоҷирон – панҷто дар Тоҷикистон ва якто дар Қирғизистон боз карда буд. Ба ин марказҳо беш аз 12 ҳазор нафар муроҷиат намудаанд.

Кормандони марказ ба муҳоҷирон оид ба шарту шароити кор ва зиндагӣ, ҳамчунин қонунгузории Русия ва оқибатҳои риоя накардани он маълумот медиҳанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...