Санкт – Петербург дар Тоҷикистон ва Қирғизистон маркази танзими муҳоҷирон боз мекунад

“Маркази захираҳои меҳнатӣ”-и Санкт – Петербург хабар медиҳад, ки мақомоти ин шаҳр мехоҳанд дар Тоҷикистон ва Қирғизистон маркази танзими муҳоҷиронро боз намоянд. “Маркази захираҳои меҳнатӣ” (МЗМ) дар мавриди ташкили чор маркази танзими муҳоҷирон дар Тоҷикистон ва Қирғизистон озмун эълон намуд. Дар нақша аст, ки бо ёрии марказҳои мазкур ҳазорҳо шаҳрванд дар корхонаҳои ин шаҳр бо […]

Asia-Plus

“Маркази захираҳои меҳнатӣ”-и Санкт – Петербург хабар медиҳад, ки мақомоти ин шаҳр мехоҳанд дар Тоҷикистон ва Қирғизистон маркази танзими муҳоҷиронро боз намоянд.

“Маркази захираҳои меҳнатӣ” (МЗМ) дар мавриди ташкили чор маркази танзими муҳоҷирон дар Тоҷикистон ва Қирғизистон озмун эълон намуд. Дар нақша аст, ки бо ёрии марказҳои мазкур ҳазорҳо шаҳрванд дар корхонаҳои ин шаҳр бо кор таъмин карда шаванд, менависад  ca-news.org.

Созмони ғолибгардида координатори лоиҳае мегардад, ки 6,6 миллион рубл (ҳудуди $100 ҳазор) хазина дорад. Ин маблағ аз ҳисоби буҷаи шаҳри Санкт – Петербург ҷудо гардидааст. Иттилоъ дода мешавад, ки як марказ дар Қирғизистон ва се маркази дигар дар Тоҷикистон боз хоҳанд шуд. Тибқи нақша, дар панҷ моҳи фаъолияти лоиҳаи мазкур дар корхонаҳои шаҳри Санкт – Петербург на кам аз 1000 нафар бо кор таъмин карда мешаванд.

Муҳоҷироне, ки дар асоси ин лоиҳа интихоб мешаванд, дар соҳаи сохтмон, меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо бо кор таъмин мегарданд. Соли гузашта муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ бештар ҳамчун ёрдамчии устои сохтмончӣ, ошпаз, хиштчин ва боркаш ба кор қабул гардидаанд.

Аз ҳисоби “Маркази захираҳои меҳнатӣ” бармеояд, ки ҷалби муҳоҷирон ба буҷаи ин шаҳр ҳудуди 20 миллион рубл ($300 ҳазор) фоида меорад. Соли гузашта МЗМ шаш маркази танзими муҳоҷирон – панҷто дар Тоҷикистон ва якто дар Қирғизистон боз карда буд. Ба ин марказҳо беш аз 12 ҳазор нафар муроҷиат намудаанд.

Кормандони марказ ба муҳоҷирон оид ба шарту шароити кор ва зиндагӣ, ҳамчунин қонунгузории Русия ва оқибатҳои риоя накардани он маълумот медиҳанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин ноҳияро барои латукӯб кардан ва бо тахтачӯб задани ҳамсараш, ки бо марги зан анҷомидааст, ба...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.