Юлия Скрипал, духтари корманди пешини мақомоти иктишофии Русия Сергей Скрипал, ки ҳамроҳи падараш дар Бритониё заҳролуд шуданд, гуфтааст, мехоҳад, дар "ояндаи дур" ба ватан баргардад.
Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба Reuters, ин нахустин изҳороти Юлия Скрипал баъд аз заҳролудшавӣ аст.
Скрипал изҳор доштааст, ки шифоёбӣ пас аз ҳамлаи сахти заҳрогин "хеле тӯлонӣ ва дардовар аст". Ӯ беҳбуди саломатии худу падарашро "комёбии бузург" номид. Вай афзудааст, ки аз номи ӯву падараш ҳеч кас сухан нахоҳад гуфт ва аз сафорати Русия низ дархости кумак нахоҳанд кард.
Падару духтар Скрипалҳо 4 марти имсол аз гази фалаҷкунандаи асаб – "Новичок" – заҳролуд шуда, ба бемористон интиқол ёфтанд. Онҳо муддати тӯлонӣ дар ҳолати бӯҳронӣ қарор доштанд, вале сипас ҳолашон беҳ шуда, аввал Юлия ва сипас падараш ба ҳуш омаданд. Дар ҳоли ҳозир, макони будубоши афсари пешини русу духтараш номаълум аст.
Мақомоти Бритониё мегӯянд, Скрипалҳо аз маводе заҳролуд шуданд, ки донишмандони шӯравӣ кашф кардаанд. Ба иттилои хадамоти махсуси Бритониё, маводи мазкур дар Русия истеҳсол шудааст. Вале Москва ин иддаоро рад мекунад.