Қисме аз Душанбе имрӯз бе барқ хоҳад монд

Барқчиёни Душанбе бо баҳонаи анҷоми корҳои таъмирӣ, таҷрибаи қатъи барқ дар кӯча ва маҳаллаҳои алоҳидаи пойтахтро идома медиҳанд. Имрӯз, 13 март, қисме аз шаҳри Душанбе бе барқ мемонад: интиқоли барқ аз соати 9:00 то 16:00 қатъ мегардад. Дар ин бора ба “Азия – Плюс” аз идораи Шабакаҳои барқи Душанбе иттилоъ доданд. Тӯли ин муддат, интиқоли […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Барқчиёни Душанбе бо баҳонаи анҷоми корҳои таъмирӣ, таҷрибаи қатъи барқ дар кӯча ва маҳаллаҳои алоҳидаи пойтахтро идома медиҳанд. Имрӯз, 13 март, қисме аз шаҳри Душанбе бе барқ мемонад: интиқоли барқ аз соати 9:00 то 16:00 қатъ мегардад. Дар ин бора ба “Азия – Плюс” аз идораи Шабакаҳои барқи Душанбе иттилоъ доданд.

Тӯли ин муддат, интиқоли барқ ба кӯчаҳои Амиршоев, Умари Хайём, Зайнаббибӣ, Рӯдакӣ, Ҳ.Ҳакимзода, Ахунбобоев, Озод, Луначарский, Темурмалик, Фирӯз, Мустафо Содиқ, С.Айнӣ, Миралӣ, Молодая Гвардия, Борбад, Севастопольская, Ленинградская, Кутузов, Ушаков, Абай, Соҳилӣ, 40 – солагии ғалаба, Н.Қарабоев, Деҳотӣ, Расулов, Маяковский, Р.Набиев, Нахимов, Ю.Вафо ва маҳаллаҳои 46 ва 191 қатъ мегардад.

Вобаста ба ҳаҷми корҳои таъмирӣ, ба баъзе маҳаллаҳо барқ пеш аз вақти нишондодашуда метавонад интиқол дода шавад. Дар ин бора аз идораи Шабакаҳои барқи Душанбе иттилоъ доданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.