ВКД намунаи либосҳои нави политсияи тоҷикро муаррифӣ кард

Маблағгузорони эҳтимолии ислоҳоти ВКД-и Тоҷикистон бо намунаи либосҳои нави политсияи тоҷик шинос шуданд. 12 март дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии гуруҳи корӣ оид ба идораи ислоҳоти милитсия баргузор гардид. Ба ҷаласаи мазкур роҳбарон ва намояндагони созмонҳои байналмилалии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Аврупо, Барномаи рушди СММ, Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Маблағгузорони эҳтимолии ислоҳоти ВКД-и Тоҷикистон бо намунаи либосҳои нави политсияи тоҷик шинос шуданд.

12 март дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии гуруҳи корӣ оид ба идораи ислоҳоти милитсия баргузор гардид.

Ба ҷаласаи мазкур роҳбарон ва намояндагони созмонҳои байналмилалии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Аврупо, Барномаи рушди СММ, Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ, Сафирони Сафоратхонаҳои ИМА, Россия, Олмон, Фаронса, Англия, Хитой, Ҷопон, Туркия, Арабистони Саудӣ, Қатар ва намояндагони як қатор созмонҳои байналмилалию ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва коршиносон даъват шудаанд.

Ба ҳозирин намунаи либосҳои нави политсияи тоҷик муаррифӣ карда шуд.

Дар ҳамин ҳол, қаблан як манбаъ аз ВКД ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки мавзӯи аслии ҷаласаи мазкур пайдо кардани маблағгузор барои табдили номи милитсия ба политсия аст.

“Маблағе, ки имрӯз аз буҷа барои табдили номи милитсия ба политсия, омода кардани либос барои кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҷудо шудааст, кофӣ нест. Интизор меравад, ки дар анҷоми ҷаласаи мазкур маблағгузор пайдо мешавад”,-гуфт манбаъ.

Ба қавли ӯ намунаи либосҳои нав барои кормандони милитсия омода аст, аммо барои истеҳсоли зиёди он маблағ кофӣ нест.

Пас аз омода шудани либоси нав бо навиштаҷоти “Политсия” ба ҷойи “Милитсия” пеш аз ҳама кормандони Хадамоти посбонию пайраҳадорӣ (ХПП), БДА ва нозирони минтақавӣ бо он таъмин карда мешаванд.

Тирамоҳи соли гузашта ВКД барои таҳияи тарҳи либоси нав ва нишонаҳои фарқкунандаи он озмун эълон карда буд.

Гуфта мешуд, ки ҳангоми таҳияи тарҳ ва унсурҳои либоси нав бояд шароити Тоҷикистон ба инобат гирифта шавад. Либоси кормандони БДА бояд ҷузъҳои инъикоскунандаи рӯшанӣ дошта бошанд.

“Либоси нав бояд боиси ифтихор ва эҳтироми на фақат кормандони милитсия, балки шаҳрвандони одӣ низ бошад”,- гуфта мешуд он замон.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.