Маҳаллаи “Қарамишкор” дар Душанбе кӯчонида мешавад

Маҳаллаи “Қарамишкор” аз шимол бо маҷмааи “Наврӯзгоҳ” (собиқ ипподром), аз ҷануб – хиёбони Саъдии Шерозӣ, аз шарқ – бо ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва аз ғарб – бо хиёбони Ҳофизи Шерозӣ ҳамсарҳад аст. Тибқи Нақшаи генералии пойтахт, ба ҷойи хонаҳои якошёна ин ҷо биноҳои баландошёнаи муассисаҳои давлатӣ, иншооти фарҳангиву маърифатӣ, корхонаву ташкилот, нуқтаҳои хизматрасониҳои гуногун ва […]

Asia-Plus

Маҳаллаи “Қарамишкор” аз шимол бо маҷмааи “Наврӯзгоҳ” (собиқ ипподром), аз ҷануб – хиёбони Саъдии Шерозӣ, аз шарқ – бо ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва аз ғарб – бо хиёбони Ҳофизи Шерозӣ ҳамсарҳад аст.

Тибқи Нақшаи генералии пойтахт, ба ҷойи хонаҳои якошёна ин ҷо биноҳои баландошёнаи муассисаҳои давлатӣ, иншооти фарҳангиву маърифатӣ, корхонаву ташкилот, нуқтаҳои хизматрасониҳои гуногун ва ҳамчунин роҳи мошингарди нав сохта мешавад.

Дар мақомоти шаҳрдории Душанбе ба “Азия-Плюс” дар ин робита иттилоъ доданд, ки дар бораи кӯчонидани хонаҳо ва иншооти соҳибкорӣ дар маҳаллаи Қарамишкор алҳол огоҳиномаи расмӣ содир нашудааст, вале бо вуҷуди ин, моликони қаҳвахонаву тарабхонаҳо, дорухонаву коргоҳҳои гуногун ва устохонаҳои воқеъ дар кӯчаҳои Лермонтов ва Абдулаҳад Қаҳҳоров аз Нақшаи генералӣ огаҳӣ доранд.

Яке аз соҳибкорон, ки молики коргоҳи истеҳсоли маснӯоти қаннодӣ аст, аллакай ба унвони раҳбарияти пойтахт бо дархости ҷудо кардани қитъаи замин дар дигар ҷойи Душанбе барои идомаи фаъолияти худ муроҷиат намудааст.

“Агар кӯчониданӣ бошанд, ихтиёрашон. Биноҳо якошёнаву кӯҳна буда, ба меъёрҳои бехатарӣ ҷавобгӯ нестанд, – мегӯяд фурӯшандаи ягона дорухонаи байторӣ (ветеринарӣ) дар шаҳр. – Шояд дар яке аз биноҳои нав ба мо ҷой ҷудо кунанд ё ба як гӯшаи дигари шаҳр фиристанд. Муҳимаш ҷудо кардани ҷойи дигар ба ивази биноҳои мо аст”.

Баъд аз дорухонаи байторӣ дар кӯчаи Қаҳҳоров як қатор нуқтаҳои хӯроки умумӣ – қаҳвахона ва тарабхонаҳои Мумтоз», «Лола», «Роҳат», «Лаззат», «Шоҳ», «Чикаго», «Алянс» ҷойгиранд, ки бо сихкабобҳои болаззати худ дар шаҳр маъруфанд.

Дар ин ҷо ҳарчанд дар бораи нақшаи генералӣ огаҳӣ дошта бошанд ҳам, алҳол аз маъракаи кӯчбандии дарпешистода на он қадр дар ташвишанд ва ба он таваҷҷуҳи ҷиддие надоранд.

Корманди яке аз ин тарабхонаҳо, ки нахост ному насабаш ва номи иншоот зикр шавад, хабар дод, ки раҳбарият наздашон вазифа гузоштааст, ки сатҳи хизматрасониро беҳтар созанд, то ки бештар даромад ба даст оварда шавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.