Порагирии директори мактаби Восеъ барои додани шаҳодатномаҳои қалбакӣ

Кормандони Агентии зиддифасоди Тоҷикистон аз рӯйи далелҳои порагирӣ ва сохтакории хизматӣ директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №10-и ноҳияи Восеъ Ҷамиламо Давлатоваро боздошт намуданд. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Агентӣ, ӯ дар гирифтани пора дар се ҳолат барои додани шаҳодатномаҳои қалбакии хатми мактаб гумонбар дониста мешавад. “Ба сурати умум ӯ аз волидони се нафар духтарони маҳаллӣ, […]

Asia-Plus

Кормандони Агентии зиддифасоди Тоҷикистон аз рӯйи далелҳои порагирӣ ва сохтакории хизматӣ директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №10-и ноҳияи Восеъ Ҷамиламо Давлатоваро боздошт намуданд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Агентӣ, ӯ дар гирифтани пора дар се ҳолат барои додани шаҳодатномаҳои қалбакии хатми мактаб гумонбар дониста мешавад.

“Ба сурати умум ӯ аз волидони се нафар духтарони маҳаллӣ, ки мактабро хатм накардааанд, дар ҳаҷми 900 доллари ИМА ва 4 ҳазору 500 сомонӣ пора гирифтааст”, – қайд мешавад дар маълумот.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати боздоштшуда мутобиқи моддаҳои 319 (Гирифтани пора) ва 323 (Сохтакории хизматӣ)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, мувофиқи ин моддаҳо ӯ аз 7 то 12 сол аз озодӣ маҳрум шуда метавонад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.