Қатъи навбатии интиқоли барқ ба чанде аз кӯчаву маҳаллаҳои пойтахт

Дар робита ба баргузор намудани корҳои таъмиру навсозӣ тибқи нақшаи пешбинишуда, имрӯз, 5 март аз соати 09:00 то 16:00 интиқоли нерӯи барқ ба қисмати зиёди кӯчаву маҳаллаҳои шаҳри шаҳри Душанбе қатъ мегардад. Тавре ба “Азия-Плюс” аз шабакаҳои барқи пойтахт хабар доданд, дар фосилаи вақти зикршуда интиқоли нерӯи барқ ба кӯчаву маҳаллҳои Зебуннисо, Чиноро, Назаршоев, С. […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар робита ба баргузор намудани корҳои таъмиру навсозӣ тибқи нақшаи пешбинишуда, имрӯз, 5 март аз соати 09:00 то 16:00 интиқоли нерӯи барқ ба қисмати зиёди кӯчаву маҳаллаҳои шаҳри шаҳри Душанбе қатъ мегардад.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз шабакаҳои барқи пойтахт хабар доданд, дар фосилаи вақти зикршуда интиқоли нерӯи барқ ба кӯчаву маҳаллҳои Зебуннисо, Чиноро, Назаршоев, С. Айнӣ, Ҷ. Расулов, Маяковский, Якачинор, А. Ғуломов, А. Сино, С. Шерозӣ, 9 январ, Роҳи нав, микрорайонҳои: Қаротегин, Камол, Чинори Эмом, 31, 32, 33 боздошта мешавад.

“Вобаста ба ҳаҷми корҳои таъмирӣ, ба баъзе кӯчаву маҳаллаҳо барқ пеш аз вақти нишондодашуда метавонад интиқол дода шавад”, – қайд карданд дар идораи Шабакаҳои барқи Душанбе.

Қобили зикр аст, ки давоми моҳҳои январ ва феврал қариб ҳамарӯза бонавбат интиқоли барқ ба кӯчаву маҳаллаҳои гуногуни шаҳр қатъ мешавад, зеро кормандони шабакаҳои барқи пойтахт тибқи нақша корҳои таъмиру навсозӣ мегузаронанд.

Сарфа мекунанд, лекин мегӯянд, ки таъмиру навсозӣ аст

Дар ширкати “Барқи тоҷик” ин қатъкуниҳои муваққатии интиқоли барқро ба баргузории корҳои таъмиру навсозӣ дар хатҳои интиқоли барқ ва зеристгоҳҳо пас аз сарбории зербино дар мавсими зимистон нисбат медиҳанд.

Дар шабакаҳои барқ бошад, таваққуфҳо дар интиқоли барқро ба норасоии об дар обанбори Норак марбут медонанд.

“Дар обанбор начандон оби зиёд боқӣ мондааст, аз ин рӯ маҷбурем, ки сарфакорӣ намоем”, – гуфтанд дар яке аз воҳидҳои ширкати “Барқи тоҷик”.

Аввали моҳи марти соли равон сатҳи об дар обанбори Норак дар нишондиҳандаи 865 метр қарор дошт. То ба истилоҳ ба “ҳадди ақал” (857 метр аз сатҳи баҳр), ки бо расидан ба он истифодабарии обанбор аз рӯи нишондиҳандаҳои техникӣ манъ мешавад, ҳанӯз аввали ҳамин моҳ 8 метр боқӣ монда буд. Ҳамин давраи соли гузашта сатҳи оби иҷозашудаи обанбор барои истифода беш аз 16 метрро ташкил медод.

Ба камбуди барқ ҳамчунин боздошта шудани кори агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки моҳи ноябри соли гузашта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд, низ таъсир расонид.

Дар мақомоти энергетика мегӯянд, ин тасмим бо мақсади баргузор намудани корҳо ҷиҳати ошкор кардани ноқисии қисмҳои гидроагрегат рӯйи кор омадааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.