Рустами Эмомалӣ 19 нафар раисони шаҳрҳои ҷаҳонро ба ҷашни Наврӯз даъват кард

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ охири ҳафтаи гузашта ба раисони 17 шаҳри ҷаҳон, ки бародаршаҳри Душанбе мебошанд, ҷиҳати иштирокашон дар таҷлили ҷашни Наврӯз дар пойтахти Тоҷикистон даъватнома фиристод, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси пойтахт. Даъватномаи раиси шаҳри Душанбе ба унвони раисони шаҳрҳои Лусака (Замбия), Сано (Яман), Монастир (Тунис), Лоҳур (Покистон), Клагенфурт […]

Asia-Plus

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ охири ҳафтаи гузашта ба раисони 17 шаҳри ҷаҳон, ки бародаршаҳри Душанбе мебошанд, ҷиҳати иштирокашон дар таҷлили ҷашни Наврӯз дар пойтахти Тоҷикистон даъватнома фиристод, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси пойтахт.

Даъватномаи раиси шаҳри Душанбе ба унвони раисони шаҳрҳои Лусака (Замбия), Сано (Яман), Монастир (Тунис), Лоҳур (Покистон), Клагенфурт (Австрия), Боулдер (ИМА), Ройтлинген (Олмон), ҳамчунин Мазори-Шариф (Афғонистон), Теҳрон (Эрон), Шероз (Эрон), Санкт-Петербург (Россия), Минск (Беларус), Урумчӣ (Чин), Анқара (Туркия), Сямэн (Чин), Ашқобод (Туркманистон) ва Чиндао (Чин) ирсол шудааст.

Ғайр аз ин, Рустами Эмомалӣ ба мақомоти шаҳрдории Маскав ва Тошканд низ даъватнома фиристодааст.

Ёдрас мекунем, ки санаи 21 март дар майдони марказии шаҳри Душанбе бори нахуст дар таърихи Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни Наврӯз карнавали идона доир мегардад.

Дар он иштироки дорбозону масхарабозон, ҳунармандону овозхонон ва раққосон аз гӯшаву канори мамлакат – ҳамагӣ 26 ҳазор нафар дар назар аст.

Дар ҳамаи боғҳои фарҳангӣ – фароғатии Душанбе ва ноҳияҳои он 21 март сайругашти оммавии сокинон ва меҳмонони пойтахт доир мешавад. Мақомоти шаҳрдорӣ барои онҳо барномаҳои консертӣ, намоишгоҳҳо ва ҳар гуна озмунҳо ташкил менамоянд.

Чорабинии асосӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз 22 март дар маҷмааи “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт доир мегардад, ки дар он барномаи театрикунонидашудаи “Ганҷи Наврӯз” намоиш дода мешавад.

Рӯзҳои 23-24 март дар маҷмааи “Наврӯзгоҳ” мусобиқоти гӯштӣ ва аспдавонӣ баргузор мегардад.

Ғолибони мусобиқот бо туҳфаҳои махсуси раиси шаҳри Душанбе сарфароз гардонида мешаванд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.