Нурсултон Назарбоев ба истеъфо рафт

Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев имрӯз, 19 март, зимни изҳороти телевизиониаш эълон кард, ки салоҳиятҳои худро ҳамчун президенти кишвар канор мегузорад. Муроҷиати телевизионии Нурсултон Назарбоев ба таври зинда тариқи шабакаҳои телевизионии Қазоқистон пахш гардид. Ӯ аз ҷумла гуфт, ки салоҳиятҳои худро ба ҳайси президенти кишвар канор мегузорад, аммо дар мансаби раиси Шӯрои амнияти миллӣ, ки мақоми […]

Казинформ

Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев имрӯз, 19 март, зимни изҳороти телевизиониаш эълон кард, ки салоҳиятҳои худро ҳамчун президенти кишвар канор мегузорад.

Муроҷиати телевизионии Нурсултон Назарбоев ба таври зинда тариқи шабакаҳои телевизионии Қазоқистон пахш гардид. Ӯ аз ҷумла гуфт, ки салоҳиятҳои худро ба ҳайси президенти кишвар канор мегузорад, аммо дар мансаби раиси Шӯрои амнияти миллӣ, ки мақоми муҳим ва таъсиргузори кишвар ба ҳисоб меравад, боқӣ мемонад.

Нурсултон Назарбоев бо имзои охирин фармони худ, раиси Сенат – палатаи болоии парлумони Қазоқистон Қосим-Жомарт Кемелевич Токаевро иҷрокунандаи вазифаи президент таъйин намуд. Ӯ то интихоби навбатии президенти, Президенти Қазоқистон хоҳад буд.

Нурсултон Назарбоев дар изҳороти худ аз сокинони Қазоқистон барои “эътимод ва рай” сипосгузорӣ намуд ва таъкид анмуд, ки “вақти ба саҳна омадани ҷавонон фаро расидааст”. Ӯ гуфт, ки барои 7 маротиба президенти кишвар интихоб кардан, аз мардуки кишвараш сипосгузор аст.

Ёдовар мешавем, Нурсултон Назарбоев 24 апрели соли 1990 роҳбарии Қазоқистонро ба зимма гирифта, пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, президенти кишвар интихоб шуд. Муддати 29 сол ӯ роҳбарии Қазоқистонро ба зимма дошт ва соли 2010 унвони расмии “Елбаси” (Пешвои миллат)-ро ба худ гирифт.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.