Шоуи зиндаи Tcell барои тоҷикистониён дар ҷашни Наврӯз

Ширкати Tcell сокинони Тоҷикистонро ба фарорасии Наврӯз бо консерт ва шоуи зинда (интерактивӣ) табрик мекунад!    Наврӯз – рамзи шукуфоӣ ва зиндашавии табиат аст, онро сокинони кишвар бесаброна интизор мешаванд. Чун анъана, Tcell ҳар сол дар рӯзҳои иди Наврӯз барои сокинони манотиқи мухталифи ҷумҳурӣ чандин барномаву чорабиниҳои фарҳангӣ созмон медиҳад. 21 марти соли равон мошинҳои […]

Иттилоияи расмӣ

Ширкати Tcell сокинони Тоҷикистонро ба фарорасии Наврӯз бо консерт ва шоуи зинда (интерактивӣ) табрик мекунад!   

Наврӯз – рамзи шукуфоӣ ва зиндашавии табиат аст, онро сокинони кишвар бесаброна интизор мешаванд. Чун анъана, Tcell ҳар сол дар рӯзҳои иди Наврӯз барои сокинони манотиқи мухталифи ҷумҳурӣ чандин барномаву чорабиниҳои фарҳангӣ созмон медиҳад.

21 марти соли равон мошинҳои махсус, ки бо рангу сабки Tcell ороиш ёфтаанд, ба минтақаҳои кишвар роҳ пеш мегиранд. Онҳо бо худ рамзи баҳор, шодмонӣ ва сурудро мебаранд, зимнан тамошои консерт ва ҳунарнамоии ҳунармандон, инчунин бозиҳои тафреҳӣ низ бо сокинон дар назар аст!

Сокинони Хуҷанд, Турсунзода, Кӯлоб, Бохтар ва Хоруғ Наврӯзро бо Тсеll пешвоз мегиранд! Аснои таҷлили ид Tcell тамошобинонро бо суманак зиёфат дода, дар минтақаҳо ҳунарнамоии овозхонҳо, бозиҳои оилавӣ, шоуи зинда бо тамошобинон, бурди тӯҳфаҳои хотиравӣ баргузор мешавад. Ҳамчунин, дар ин байн пайваст шудани муштариён ба ширкати Tcell имконпазир аст, мутахассисони ширкат омодаи расонидани ҳар гуна кӯмак ва машварат барои сокинон ҳастанд.

Нақлиёти бо рангу сабки  Tcell ороишёфтаро пайдо намоед ва Наврӯзро бо мо ҷашн бигиред!

Дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе бошад, дар рӯзҳои истироҳатӣ баргузории шоуи технологии муштараки ширкати Tcell бо «Душанбе Мол» таҳти унвони «T-tech 2019» ба нақша гирифта шудааст. Дар «T-tech 2019» имкони пайдо кардани маълумот дар бораи замимаҳои нави мобилӣ, навгониҳои олами техника ва дастовардҳои ҷадид дар бахши электроникаву мошинсозӣ вуҷуд дорад. Шоуи технологии «T-tech 2019» рӯзҳои 23 ва 24-уми март, соати 15:00 дар таваққуфгоҳи бози маркази тиҷоратии «Душанбе Мол» (Ашан) сурат мепазирад.

Tcell якояки Шуморо бо Наврӯз ва фарорасии баҳори хуҷастапай шодбош мегӯяд! Бигузор, Наврӯз барои Шумо рӯзҳои гарму офтобӣ ва ба ҳамагон комгориву шукуфоиро ба армуғон биёрад!

___________________

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED – Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.