Ба сармоягузорони Покистон кор мисли чиниҳо дар Тоҷикистон пешниҳод шуд

Тоҷирони тоҷик ҳамтоҳои покистонии худро ба густариши савдо ва ба ин васила ноил гардидан ба афзоиши даҳкаратаи муомилоти моли дуҷониба даъват карданд. Сармоягузорон ва тоҷирон аз Тоҷикистон ба пешниҳодҳои ҳавасмандсозии сарвазири Покистон Имрон Хон, ки барои афзоиши савдои дуҷониба то ҳаҷми 500 млн. доллар кумак мекунанд, таваҷҷуҳ доранд, хабар медиҳад нашрияи покистонии The Express Tribune. […]

Тоҷирони тоҷик ҳамтоҳои покистонии худро ба густариши савдо ва ба ин васила ноил гардидан ба афзоиши даҳкаратаи муомилоти моли дуҷониба даъват карданд.

Сармоягузорон ва тоҷирон аз Тоҷикистон ба пешниҳодҳои ҳавасмандсозии сарвазири Покистон Имрон Хон, ки барои афзоиши савдои дуҷониба то ҳаҷми 500 млн. доллар кумак мекунанд, таваҷҷуҳ доранд, хабар медиҳад нашрияи покистонии The Express Tribune.

Дар бораи хоҳиши рушди тиҷорат ва савдо бо Покистон роҳбари Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон Файзалӣ Раҷабов изҳори назар кардааст.

“Тоҷикистону Покистон баҳри густариши савдо, таъсиси корхонаҳои муштарак ва сармоягузориҳо дар бахшҳои гуногун имкониятҳои зиёд доранд”, – иброз доштааст Раҷабов дар Исломобод зимни вохӯрӣ бо доираҳои тиҷоратии Покистон.

Ӯ аз тоҷирон ва сармоягузорони Покистон даъват кардааст, ки дар пешбурди манфиатҳои худ бо ҳамтоёни тоҷики худ фаъолтар бошанд, зеро баҳри роҳандозии ҳамкориҳои судманд байни кишварҳо дар самтҳои гуногун имконият зиёд аст.

Раҷабов таъкид доштааст, ки Покистон ба Тоҷикистон молу маҳсулоти гуногун, аз ҷумла мебел, қанд, маснӯоти саноати дӯзандагиву бофандагӣ ва семент содирот карда метавонад. Ӯ аз ширкатҳои содиркунанда дархост намудааст, ки аз ин имконот пурсамар истифода кунанд.

“Сармоягузорон аз Чин ва дигар кишварҳо дар бозори Тоҷикистон фаъолона кор мекунанд”, – гуфтааст ӯ ва илова намудааст, ки сармоягузорони Покистон низ бояд дар бозори Тоҷикистон фаъол бошанд, то ки ба бозори бузурги минтақаи Осиёи Марказӣ дастрасии беҳтар пайдо кунанд.

Мувофиқи маълумоти расмии омории Тоҷикистон, соли 2018 ҳаҷми муомилоти мол байни Тоҷикистону Покистон 62 млн. долларро ташкил дода, зиёда аз 52 млн. доллари он ба воридоти маҳсулот аз Покистон ба Тоҷикистон рост меояд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.