Содироти наздики 40%-и сементи истеҳсолшуда дар Тоҷикистон аз оғози сол

Наздики 40%-и сементи истеҳсолшуда дар кишварро давоми моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ Тоҷикистон ба бозорҳои кишварҳои ҳамсоя содирот намуд. Тӯли ду моҳи соли равон аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ҳамагӣ 182 ҳазор тонна семент содирот шудааст, хабар медиҳад Вазорати саноат ва техногияҳои нави ҷумҳурӣ. Гуфта мешавад, аз ҷумла 102 ҳазор тонна ин навъи масолеҳи сохтмон ба […]

Наздики 40%-и сементи истеҳсолшуда дар кишварро давоми моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ Тоҷикистон ба бозорҳои кишварҳои ҳамсоя содирот намуд.

Тӯли ду моҳи соли равон аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ҳамагӣ 182 ҳазор тонна семент содирот шудааст, хабар медиҳад Вазорати саноат ва техногияҳои нави ҷумҳурӣ.

Гуфта мешавад, аз ҷумла 102 ҳазор тонна ин навъи масолеҳи сохтмон ба Ӯзбекистон, 74 ҳазор тонна – ба Афғонистон ва боз 6 ҳазор тонна – ба Қирғизистон фурӯхта шудааст.

Корхонаҳои истеҳсоли сементи Тоҷикистон дар ин давра 468 ҳазор тонна семент истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 40 ҳазор тонна зиёдтар аст.

Истеҳсоли чунин ҳаҷми семент дар соли ҷорӣ ба туфайли фаъолияти пурсамари корхонаҳои “Чунгтсай Моҳир семент” (31,9% аз ҳаҷми умумии истеҳсол), “Хуаксин Ғаюр семент” (26,1 %), “Хуаксин Ғаюр Суғд семент” (25,9%) таъмин шуд. Ҳиссаи корхонаи “Сементи тоҷик”-и пойтахт ҳамагӣ 6,4% аз ҳаҷми умумии истеҳсолро ташкил медиҳад.

Тайи солҳои охир Тоҷикистон тавассути роҳандозии иқтидорҳои нави муштарак бо Чин ҳаҷми истеҳсоли сементро ба таври назаррас афзуд. Тӯли ҳашт соли охир сармоягузорони Чин ба Тоҷикистон дар қариб даҳ баробар зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли семент кумак карданд.

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон айни замон 13 корхона ба истеҳсоли семент машғул буда, иқтидори солонаи онҳо наздики 5 млн. тонна арзёбӣ мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.