Имрӯз дар шаҳри Норак ҷашни Наврӯз таҷлил мегардад

Ташаббуси таҷлили ҷашни Наврӯз дар сатҳи ҷумҳуриявӣ дар Норак аз ҷониби ҳукуматдорони маҳаллӣ пешниҳод шуда, аксари сокинони маҳаллӣ аз он дастгирӣ карданд. Чорабиниҳои асосии ҷашн дар майдони марказии шаҳри Норак доир мегарданд. Дар майдон бо иштироки ҳунармандон ва устодони санъати кишвар намоишномаи театрикунонидашуда барпо мешавад. Аввали моҳи феврал муҷассамаи доҳии пролетариати ҷаҳон Владимир Ленин аз […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Ташаббуси таҷлили ҷашни Наврӯз дар сатҳи ҷумҳуриявӣ дар Норак аз ҷониби ҳукуматдорони маҳаллӣ пешниҳод шуда, аксари сокинони маҳаллӣ аз он дастгирӣ карданд.

Чорабиниҳои асосии ҷашн дар майдони марказии шаҳри Норак доир мегарданд. Дар майдон бо иштироки ҳунармандон ва устодони санъати кишвар намоишномаи театрикунонидашуда барпо мешавад.

Аввали моҳи феврал муҷассамаи доҳии пролетариати ҷаҳон Владимир Ленин аз майдони марказии шаҳри Норак барканда шуда, ба ҷойи он муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гузошта мешавад, ки имрӯз маросими расмии ифтитоҳи он доир мегардад.

Ҳамчунин зимни ин сафари кории худ ба шаҳри Норак Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои таъмиру навсозии нерӯгоҳи барқи обии Норак ҳусни оғоз мебахшад. Дар назар аст, ки Сарвари давлат бо намояндагони ширкати ANDRITZ, ки ба ин корҳо машғул мешавад, мулоқот барпо мекунад.

Чанде қабл мо аз шаҳри Норак боздид намуда, бо ҷараёни корҳои омодагӣ ба ҷашн ва қабули меҳмонон аз наздик ошно гардидем.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.