Сиёҳкунии шишаҳои мошинҳо дар Тоҷикистон хеле гарон мешавад

Date:

Мувофиқи қарори ҳукумати Тоҷикистон, аз 1 апрел хоҳишмандони сиёҳкунии шишаҳои автомашинаҳои истеҳсоли то соли 2005 – 3 ҳазору 575 сомонӣ (наздики 350 доллар) маблағ пардохт мекунанд. То 1 апрел иҷозаи сиёҳкунии шишаҳо барои ин автомашинаҳо 2 ҳазору 750 сомонӣ (270 доллар) нарх дошт, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон.

Соҳибони автомобилҳои истеҳсоли соли 2005 ва баъди он барои дастрас намудани иҷозатномаи сиёҳкунии шишаҳо 4 ҳазору 730 сомонӣ (ҳудуди 500 доллар) маблағ пардохт мекунанд. Қаблан ронандагони ин гуна автомашинаҳо барои анҷоми ин кор 3 ҳазору 410 сомонӣ (360 доллар) маблағ пардохт мекарданд.

Мувофиқи тартиботи муқарраршудаи қонунгузорӣ, ронандагон баъди гирифтани иҷозатнома ба сиёҳкунии шишаҳои қафо ва паҳлӯҳои мошин ҳууқуқ доранд. Аммо шишаи пеши автомашина бояд шаффоф буда, танҳо ба сиёҳкунии 20 сантиметри болои он иҷозат дода мешавад.

Барои шахсоне, ки автомобилро бо шишаҳои сиёҳ ба қаламрави ҷумҳурӣ ворид кардаанд, барои гирифтани иҷозатнома ё ивази шишаҳои сиёҳ ба муқаррарӣ 10 рӯз муҳлат дода мешавад.

Дар қарори нави ҳукумат, ки аз 1 апрел мавриди амал қарор мегирад, сиёҳкунии шишаҳои такси ва автомашинаҳои машғул ба мусофиркашонӣ манъ шудааст.

Аз соли 2000 то 2009-ум сиёҳкунии шишаҳои автомашинаҳо дар Тоҷикистон манъ буд. Бо дастури президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи воситаҳои пулии бадастовардашуда аз додани иҷозатнома барои сиёҳкунии шишаҳои автомобил ба суратҳисоби сохтмони нерӯгоҳи Роғун гузаронида мешаванд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...