Қатъи иниқоли барқ дар Душанбе боз барқарор шуд

Дар робита ба баргузор намудани корҳои таъмиру навсозӣ тибқи нақшаи пешбинишуда, имрӯз, 27 март аз соати 09:00 то 16:00 интиқоли нерӯи барқ ба қисмати зиёди кӯчаву маҳаллаҳои шаҳри шаҳри Душанбе қатъ мегардад. Тавре ба “Азия-Плюс” аз шабакаҳои барқи пойтахт хабар доданд, дар фосилаи вақти зикршуда интиқоли нерӯи барқ ба маҳаллаҳои Ҳосилот, Соҳилӣ, Дарвоз, Алачабоф, Ҷанубӣ […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар робита ба баргузор намудани корҳои таъмиру навсозӣ тибқи нақшаи пешбинишуда, имрӯз, 27 март аз соати 09:00 то 16:00 интиқоли нерӯи барқ ба қисмати зиёди кӯчаву маҳаллаҳои шаҳри шаҳри Душанбе қатъ мегардад.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз шабакаҳои барқи пойтахт хабар доданд, дар фосилаи вақти зикршуда интиқоли нерӯи барқ ба маҳаллаҳои Ҳосилот, Соҳилӣ, Дарвоз, Алачабоф, Ҷанубӣ (Южная), Чоряккорон, Испечак, Чортут, Бунёдкорон, Чортеппа, Наврӯз, Навобод ва ба кӯчаҳои Панфилов, Чайковский, Фучик, Есенин, Мунзим, Карин Манн, Румӣ, Фузулӣ, Қаҳҳоров ва Набиев боздошта мешавад.

“Вобаста ба ҳаҷми корҳои таъмиру навсозӣ, интиқоли нерӯи барқ ба баъзе кӯчаву маҳаллаҳо шояд пештар аз муҳлати зикршуда барқарор карда шавад”, – қайд карданд дар шабакаҳои барқи Душанбе.

Қобили зикр аст, ки давоми моҳҳои январ ва феврал низ қариб ҳамарӯза бонавбат интиқоли барқ ба кӯчаву маҳаллаҳои гуногуни шаҳр қатъ мешавад, зеро кормандони шабакаҳои барқи пойтахт тибқи нақша корҳои таъмиру навсозӣ мегузаронанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст