Шумори қурбониён аз обхезии шадид дар Эрон ба 19 нафар расид

Бар асари обхезиҳо дар вилояти Форс дар ҷануби Эрон ҳадди ақал 19 нафар ҳалок ва наздики 100 тани дигар ҷароҳатҳи гуногун бардоштанд, хабар медиҳад Euronews. Шаҳри Шероз мавриди зарбаи офати табиӣ қарор гирифт. Тибқи маълумоти хадамот оид ба вазъҳои буҳронӣ, дар натиҷаи боришоти шадиди пайдарпай аз 31 вилоят (устон) дар 25 вилоят ҳодисаҳои обхезӣ ба […]

Asia-Plus

Бар асари обхезиҳо дар вилояти Форс дар ҷануби Эрон ҳадди ақал 19 нафар ҳалок ва наздики 100 тани дигар ҷароҳатҳи гуногун бардоштанд, хабар медиҳад Euronews.

Шаҳри Шероз мавриди зарбаи офати табиӣ қарор гирифт. Тибқи маълумоти хадамот оид ба вазъҳои буҳронӣ, дар натиҷаи боришоти шадиди пайдарпай аз 31 вилоят (устон) дар 25 вилоят ҳодисаҳои обхезӣ ба қайд гирифта шудааст.

Ҳафтаи сипаришуда дар қисмати шимолии Эрон низ боришоти шадид рух дода, дар натиҷа дарёҳо аз соҳил баромада, шаҳру деҳаҳо зер об монданд. Маҷрои селҳо роҳ ва заминҳои кишти фермеронро шустанд.

https://www.youtube.com/watch?v=Ie3JTjGR6vM

Бино ба маълуомти ВАО-и маҳаллӣ, дар 70 деҳаи вилояти Гулистон ва беш аз 200 деҳаи Мозандарон ҳадди ақал 56 ҳазор нафар аз ин офати табиӣ осеб дидаанд.

Ҳукуматдорони Эрон аҳолиро аз эҳтимоли рух додани обхезиҳо дар шаҳри Теҳрон ва ҳамчунин вилояти Ҳузистон дар ду рӯзи наздик огоҳ кардаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.