Имкони ба Чемпионати Осиё-2020 роҳхат гирифтани мунтахаби футболи олимпии Тоҷикистон

Мунтахаби футболи олимпии Тоҷикистон рӯзи 26 март дар вохӯрӣ бо дастаи Ӯзбекистон дар мусобиқаи даври интихобии Чемпионати Осиё-2020 дар шаҳри Тошканд вохӯриро бо ин даста мусовӣ – 0 бар 0 анҷом дода, то ҳанӯз ба дарёфти роҳхат ба мусобиқаи давраи финалии Чемпионати Осиё имкон дорад. Қаблан дар гурӯҳи «F» футболбозони тоҷик таҳти роҳбарии сармураббӣ Усмон […]

Мунтахаби футболи олимпии Тоҷикистон рӯзи 26 март дар вохӯрӣ бо дастаи Ӯзбекистон дар мусобиқаи даври интихобии Чемпионати Осиё-2020 дар шаҳри Тошканд вохӯриро бо ин даста мусовӣ – 0 бар 0 анҷом дода, то ҳанӯз ба дарёфти роҳхат ба мусобиқаи давраи финалии Чемпионати Осиё имкон дорад.

Қаблан дар гурӯҳи «F» футболбозони тоҷик таҳти роҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев ҳамсолони худро аз Ҳиндутсон бо ҳисоби 2 бар 0 шикаст дода буданд.

Дар гурӯҳи «F» зинаи аввалро дастаи Ӯзбекистон ишғол намуд, ки баробари дастаи Тоҷикистон 3 имтиёз дорад, лекин аз ҳисоби се тӯби беҷавоб ворид кардан дар бозӣ бо дастаи Ҳиндустон мақоми аввалро касб кард.

Дар ин мусобиқа аз 44 дастаи мунтахаб ҳамагӣ 11 гурӯҳ ташкил шудааст. Ғолибони гурӯҳҳо ва чор дастаи беҳтарини зинаи дуюми гурӯҳҳо ба даври финалӣ роҳ меёбанд. Даври финалии Чемпионати Осиё-2020 оид ба футбол аз 8 то 26 январи соли 2020 дар Таиланд баргузор мешавад. Мунтахаби Таиланд ба сифати мизбони мусобиқа сарфи назар аз натиҷаи даври интихобӣ, дар мусобиқа иштирок хоҳад кард.

Дар сурате, ки агар дастаи Тайиланд дар мусобиқаи даври интихобӣ зинаи аввалро ишғол намояд ё байни зинаҳои дуюми гурӯҳҳо бо нишондиҳандаҳои беҳтарин қарор гирад, пас дастаи панҷуми беҳтарин байни зинаҳои дуюм ба даври финалии мусобиқа роҳхат мегирад.

Се дастаи беҳтарини мусобиқаи Чемпионат Осиё-2020 оид ба футбол байни ҷавонон ба Бозиҳои тобистонаи олимпии-2020 дар Токио роҳхат мегиранд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.