Кумаки “Яхдони некӯкор” ба аҳолии камбизоати шаҳри Тошканд

Дар пойтахти Ӯзбекистон – шаҳри Тошканд аксияи “Яхдони некӯкор”, ки ба сокинони камбизоати шаҳр баҳри дастрасӣ ба маҳсулоти зарурии хӯрокворӣ имкон медиҳад, торафт писандидаву ҷонибдорони зиёд пайдо мекунад. Аксия мазкур аз ҷониби Маркази ҷавонон ва кӯдакони имконияташон маҳдуд ҳамагӣ ду-се моҳ пеш роҳандозӣ шуда, аллакай на камтар аз 500 нафар аз кумаки он истифода кардаанд, […]

Дана Опарина, махсус барои Asia Plus

Дар пойтахти Ӯзбекистон – шаҳри Тошканд аксияи “Яхдони некӯкор”, ки ба сокинони камбизоати шаҳр баҳри дастрасӣ ба маҳсулоти зарурии хӯрокворӣ имкон медиҳад, торафт писандидаву ҷонибдорони зиёд пайдо мекунад.

Аксия мазкур аз ҷониби Маркази ҷавонон ва кӯдакони имконияташон маҳдуд ҳамагӣ ду-се моҳ пеш роҳандозӣ шуда, аллакай на камтар аз 500 нафар аз кумаки он истифода кардаанд, ки аксарияташон нафақахӯрон мебошанд.

“То имрӯз ҳамагӣ 20 адад чунин яхдонҳо дар шаҳр гузошта шуда, то охири сол шумори онҳоро ба 100 адад расониданием. Дар ин аксия як чизи муҳимаш он аст, ки дар ин ҷо натанҳо метавон комилан бепул маҳсулоти ғизойӣ пайдо намуд, балки агар шахс имкон дошта бошад, метавонад ба онҳо маҳсулоти зарурии хӯрокворӣ гузорад”, – мегӯяд Баҳром Алимов, яке аз дастандаркорони аксия.

Ин хабар дар доираи лоиҳаи “Салом соседи!” таҳия шудааст. Гузориши пешин дар доираи ин лоиҳа бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

Шарики лоиҳаи “Салом соседи!” (Салом ҳамсояҳо) КВД “Ширкати алюминии тоҷик” (ТАЛКО) мебошад. ТАЛКО корхонаи бузурги саноатии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки дар сафҳои аввали истеҳсолкунандагони алюминий дар саросари ҷаҳон қарор дорад. Имрӯз саҳми ширкат дар чунин бахшҳои иқтисоди Тоҷикистон, ба мисли саноати кӯҳкорӣ ва кимиё низ назаррас аст. Ҳамчунин ТАЛКО рушди яке аз самтҳои нав дар иқтисоди Тоҷикистон – энергетикӣ-металлургиро низ ҳадаф қарор додааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.