Дар Тошканд Рӯзҳои кинои тоҷик баргузор мешавад

Рӯзҳои 12-13 апрели соли равон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Рӯзҳои кинои тоҷик баргузор мешаванд. Бино ба иттилои АМИТ “Ховар” бо истинод ба студияи «Суғдсинамо», дар доираи ин барнома филми «Коса»-и Муассисаи давлатии «Суғдсинамо» ба номи Комил Ёрматов низ пешниҳоди тамошобинон хоҳад шуд. Гуфта мешавад, Рӯзҳои кинои тоҷик дар кинотеатри ба номи Алишер Навоии шаҳри […]

Asia-Plus

Рӯзҳои 12-13 апрели соли равон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Рӯзҳои кинои тоҷик баргузор мешаванд.

Бино ба иттилои АМИТ “Ховар” бо истинод ба студияи «Суғдсинамо», дар доираи ин барнома филми «Коса»-и Муассисаи давлатии «Суғдсинамо» ба номи Комил Ёрматов низ пешниҳоди тамошобинон хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, Рӯзҳои кинои тоҷик дар кинотеатри ба номи Алишер Навоии шаҳри Тошканд ҷараён мегиранд ва тӯли ду рӯз филмҳои «Сафари ҳавоӣ»-и Далер Раҳматов, «Таксӣ»-и Файзуллои Файз,  «Хоби ҳамдуна»-и Румӣ Шоазимов ва «Тангно»-и Муҳиддини Музаффар намоиш дода мешаванд.

Қайд мешавад, ки филми «Тангно» панҷумин филми Муассисаи давлатии «Суғдсинамо» ба номи Комил Ёрматов буда, аз рӯи асари нависандаи тоҷик Сорбон «Тангнои гетӣ» таҳия шудааст.

Филм дар деҳаи Амондараи шаҳри Панҷакент ва қисман дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия наворбардорӣ шудааст. Он аз муаммоҳои иҷтимоии ҷомеаи муосир, мушкилот ва пайомадҳои муҳоҷирати меҳнатӣ қисса мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.