Амволи бонкҳои дучори мушкилот дубора баҳогузорӣ мешавад

Ба баҳогузории амволи бонкҳо комиссияи байниидоравии таъсисёфта машғул мешавад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Бонки миллии Тоҷикистон. Бино ба иттилои манбаъ, ба ҳайати комиссияи зикршуда намояндагони вазорату идораҳои дахлдор шомиланд. Дар Бонки миллӣ изҳор намуданд, ки комиссия аз ҷумла арзиши амволи бонкҳои дучори мушкилоти “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк”, ҳамчунин бонкҳои дар марҳилаи барҳамдиҳӣ қарордоштаи “Тоҷпромбонк” ва […]

Ба баҳогузории амволи бонкҳо комиссияи байниидоравии таъсисёфта машғул мешавад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Бонки миллии Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, ба ҳайати комиссияи зикршуда намояндагони вазорату идораҳои дахлдор шомиланд.

Дар Бонки миллӣ изҳор намуданд, ки комиссия аз ҷумла арзиши амволи бонкҳои дучори мушкилоти “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк”, ҳамчунин бонкҳои дар марҳилаи барҳамдиҳӣ қарордоштаи “Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк”-ро муайян мекунад.

“Баъди муайян шудани арзиши амвол он ба фурӯш гузошта мешавад, то ки бонкҳо бо мизоҷони худ ҳисобаробарӣ карда тавонанд”, – илова карданд дар Бонки миллӣ.

Қобили зикр аст, ки мизоҷони бонкҳо чандин маротиба ба дубора муайян кардани нархи амволи бонкҳои дучори мушкилот исрор карда буданд. Онҳ бар ин назаранд, ки арзиши амволе, ки ба фурӯш гузошта шудааст, хеле баланд аст ва бо ҳамин сабаб ба фурӯш нарафта, мизоҷон муддати се сол аст, ки маблағҳои дар бонкҳо амонатгузоштаи худро бозпас гирифта наметавонанд.

“Ба иншооту амвол нархҳои “кайҳонӣ” гузошта шуда, бо ин арзиш ҳеҷ касе онҳоро хариданӣ нест,- гуфт ба “Азия-Плюс” яке аз мизоҷони “Тоҷпромбонк”. – Бо ҳамин сабаб маъмурони таъиншудаи ин бонк аз моҳи августи соли гузашта ба амонатгузорон ягон тин ҳам баргардонида наметавонанд”.

Маблағи қарзии бонкҳои дучори мушкилот танҳо дар назди шахсони воқеӣ беш аз 1,3 млрд. сомонӣ (ҳудуди 240 млн. доллар)-ро ташкил медиҳад.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.