Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ВМКБ барзиёд иҷро шуд. Дар 12 рӯз

Нақшаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба санаи 11 апрел 36% иҷро шуд. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аввалин шуда аз иҷрои нақша хабар дод. Тавре ба Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ подполковник Ориф Нозимиён иттилоъ дод, ба санаи 11 апрел нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ВМКБ […]

Нақшаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба санаи 11 апрел 36% иҷро шуд. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аввалин шуда аз иҷрои нақша хабар дод.

Тавре ба Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ подполковник Ориф Нозимиён иттилоъ дод, ба санаи 11 апрел нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ВМКБ барзиёд – 106% ба иҷро расидааст.

Ӯ қайд кард, ки қариб дар ҳамаи ноҳияҳои ВМКБ ҷавонон ихтиёрӣ барои ба хизмат рафтан ба комиссариатҳои ҳарбӣ ҳозир шудаанд.

Зимнан зикр гардид, ки то имрӯз нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар вилояти Хатлон – 32%, Суғд – 35%, ноҳияҳои тобеи марказ – 35%, шаҳри Душанбе – 36% ва дар саросари ҷумҳурӣ – 36% ба иҷро расидааст.

Комиссияи ҷумҳуриявии ташкили даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбиро муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим роҳбарӣ мекунад. Сардори Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи президенти ҷумҳурӣ Шараф Файзуллозода ва сардори Раёсати ташкилӣ-сафарбарии Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳ Хушвахт Мироваров муовинони ӯ таъин шудаанд. Ба ҳайати комиссяи ҳамчунин намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва сохтори қудратии ҳукумати Тоҷикистон шомиланд.

Қобили зикр аст, ки ҳамасола ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, дар Қушӯнҳои зудамал, хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ тақрибан 15-16 ҳазор нафар шаҳрвандони синни аз 18 то 27-сола даъват карда мешаванд.

Дар Тоҷикистон зиёда аз 600 ҳазор нафар ҷавонони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбӣ ба сар мебаранд, аммо ҳудуди 150 ҳазор нафари онҳо мӯҳлати хизматашонро мавқуф гузоштаанд ё аз хизмат озод карда шудаанд ва ё барои хизмати ҳарбӣ коршоям нестанд. Боз ҳудуди 100 ҳазор нафар шаҳрвандони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбии Тоҷикистон дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.