Шоми шеъру мусиқӣ аз ҷониби Фонди бадеии ба номи Садриддин Айнӣ ва намояндагии Россотрудничество ташкил шуд.
Рӯи аввали моҳи май дар толори Маркази илму фарҳанги Россия дар Душанбе маросими муаррифии маҷмӯайи рубоиҳои Умари Хайём ва намоишгоҳи миниатюраи рассоми маъруф Олим Камолов баргузор шуд.
Ҳамоҳангсози барномаҳои ҷамъиятии Маркази фарҳанги “Бактрия”, узви Конфедератсияи байнулмилалии журналистон Амл-Хонум Гаджиева ба “Азия-Плюс” дар ин робита иттилоъ дод, ки китоб аз 400 рубоии шоир бо чор забон – тоҷикиву форсӣ ва русиву англисӣ иборат аст.
“Шеърҳои адибе, ки чандин асрҳо пеш шеър эҷод кардааст, имрӯз ҳам рӯзмарраву барои ҳама фаҳмо ва дархӯри замон аст, – иброз дошт ӯ. – Дар чор мисраи рубоиҳои Хайём як ҷаҳон фалсафа ниҳон аст”.
Сарсухан ба китобро адиби маъруф Темур Зулфиқоров ва муқаддимаи маҷмӯаро шоир Алексей Афғонов навишта, муҳаррири матнҳои тоҷикиву форсии китоб Ниёзбадал Маликов аст.
Сафири Россия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов барои заҳмати шоиста дар кори нашри китоби зарурӣ барои мардум ба раҳбарияти Фонди адабии ба номи Садриддин Айнӣ, аз ҷумла набераи нависандаи маъруф Эраҷ Айнӣ миннатдорӣ изҳор кард.
Китоб соли 2019 аз ҷониби Фонди адабии ба номи Садриддин Айнӣ дар нашриёти “Мега принт” ба чоп расидааст. Роҳбари Фонд Эраҷ Айнӣ ба ҳозирин дар бораи корҳои омодагиву нашри маҷмӯа маълумот дод.
Ҳунармандони шоистаи ҷумҳурӣ Ҳасани Ҳайдар ва Парвин Юсуфӣ бо мусиқиву таронаҳои дилангези худ табъи ҳозиринро болида гардониданд.
Дар намоишгоҳ ҳамчунин китобҳо дар бораи фарҳанг ва китобҳои бадеӣ аз Озарбойҷону Гурҷистон, Ӯзбекистон ва дигар кишварҳо, ки аз ҷониби “Мега принт” чоп шудааст, низ ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


