Ҷашни Рӯзи умумиҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар

Date:

Рӯзи умумиҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ҳамасола 8 май бахшида ба зодрӯзи шахси башардӯст, асосгузори Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, нахустин ҷоизадори мукофоти Нобелӣ дар ҷодаи сулҳ Жан Анри Дюнан, ки 8 майи соли 1828 дар шаҳри Женеваи Шветсария таваллуд шудааст, ҷашн гирифта мешавад. Бо пешниҳоди Дюнан аввалин бор гурӯҳҳои ихтиёриёне, ки ба маҷрӯҳони майдонҳои муҳорибаҳо кӯмак мерасонданд, таъсис дода шуданд.

Соли 1863 бо ташаббуси Анри Дюнан конфронси байналмилалӣ баргузор гардид, ки он асоси ташкилёбии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх гардид.

Номи расмии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх соли 1928 дар конфронси 13-уми байналхалқӣ дар Гаага тасдиқ карда шуд. Конфронс оинномаи созмонро қабул кард, ки баъдан дар соли 1952 ва 1965 тағйир ёфт. Ва бори аввал Рӯзи Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар соли 1948 ҷашн гирифта шуд. Номи расмии он дар тӯли солҳо тағйир ёфта, он аз соли 1984 то инҷониб "Рӯзи умумиҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар" номгузорӣ гардид.

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) яке аз ҷамъиятҳои миллӣ мебошад. ҶҲАТ мутобиқи Оиннома, Қонун ва қонунгузории Тоҷикистон амал мекунад.

Тавре Нодир Аминзода, масъули иттилоот ва хуқуқи байналмилалии башардӯстии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар суҳбат бо мо иброз намуд,  Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ҳалли вазифаҳои башардӯстона давлатро дастгирӣ намуда, тавассути роҳандозии барномаҳо дар соҳаи пешгирии бемориҳо, ҳифзи саломатӣ, коҳиш додани ранҷу азоби мардум ҳамкорӣ менамояд.

Дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ оид ба расонидани кӯмаки фаврию ёрии дигар ба қурбониёни муноқишаҳои мусаллаҳона, ки дар конвенсияҳои Женева пешбинӣ шудааст, инчунин шахсони дар натиҷаи офатҳои табиӣ ё ҳолатҳои фавқулоддаи дигар зарардида амалиёт мегузаронад.

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон танҳо давоми соли 2018 ва панҷ моҳи аввали соли 2019 бо дастгирии ҳамкоронаш барои оилаҳои аз селу обхезӣ, заминҷунбӣ ва дигар ҳодисаҳои табиӣ зарардида, ятимону дардмандон, пиронсолони яккаву танҳо ва дигар ниёзмандони шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, вилояти Суғд, вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ ба беш аз 32 633 нафар бо маблағи зиёда аз 11 352 462 сомонӣ кӯмаки озуқаворӣ ва ғайриозуқаворӣ намудааст. Минаъд низ ҳамин гуна кӯмакҳо аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон идома дода мешаванд.

Нодир Аминзода ҳамчунин илова намуд, ки давоми 5 моҳи соли 2019 аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар маҷмӯъ ба маблағи умумии 770 000 доллари ИМА ё худ 7 268 800 ба 10 800 (даҳ ҳазору ҳашсад) нафар ниёзмандони 12 шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сомонӣ бо хӯрокворӣ кумак расонида шудаст.  

Тавре гуфта шуд, аз 27 апрел то 7 майи соли равон таввасути кормандон ва ихтиёриёни ҶҲАТ ба шахсони маъюб, дардмандон, пиронсолони яккаву танҳо ва дигар ниёзмандони шаҳрҳои Душанбе (1100 нафар), Хуҷанд (900 нафар), Ҳисор (900 нафар), Ваҳдат (900 нафар), ноҳияи Рӯдакӣ (900 нафар), Варзоб (800 нафар), Восеъ (900 нафар), Темурмалик (900 нафар), Данғара (900 нафар), Шаҳринав (900 нафар), Панҷ (800 нафар) ва Вахш (900 нафар) маводи ғизои мавриди ниёзи аввал тақсим карда шуд.

Ба гуфтаи Аминзода, кӯмакҳо бештар ба минтақаҳое, ки зери хатар қарор доранду ба он эҳтиёҷманд, равона мегарданд.

– Рӯйхати афроди эҳтиёҷманд ба кумак аз ҷониби ҳукуматҳои маҳаллӣ ба намояндагиҳои мо дар ноҳияҳо пешниҳод мешавад. Баъзан лозим меояд, ки рӯйхатҳои пешниҳодшударо худамон ба маҳал рафта, дурустиашро санҷем. Кӯмакҳо асосан аз маҳсулоти озуқаворӣ иборат буда, аз ҷониби мо назорат ва тариқи ихтиёрон тақсим  карда мешаванд, – илова кард номбурда.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...