Роҳпаймоӣ дар маъракаи “Полки абадӣ” дар Душанбе

Мақомоти шаҳрдории Душанбе ба баргузор намудани маросим ё маъракаи “Полки абадӣ” дар пойтахт иҷоза дод, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Маркази илму фарҳанги Россия. Ҷамъшавии иштирокчиёни ин иқдом назди Театри лӯхтак муқаррар шуда, маъракаи раҳпаймоии тантанавӣ санаи 9 май, соати 10:00 оғоз мегардад. “Раҳпаймоӣ дар Боғи Ғалаба ба итмом мерасад. Ҳадафи аслӣ аз баргузории маъракаи […]

Мақомоти шаҳрдории Душанбе ба баргузор намудани маросим ё маъракаи “Полки абадӣ” дар пойтахт иҷоза дод, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Маркази илму фарҳанги Россия.

Ҷамъшавии иштирокчиёни ин иқдом назди Театри лӯхтак муқаррар шуда, маъракаи раҳпаймоии тантанавӣ санаи 9 май, соати 10:00 оғоз мегардад.

“Раҳпаймоӣ дар Боғи Ғалаба ба итмом мерасад. Ҳадафи аслӣ аз баргузории маъракаи “Полки абадӣ” поси хотири наслест, ки даҳшатҳои ҷангро паси сар кардаааст, ҳамчунин қурбониёни ин ҷанг аст. Ҳамаи хоҳишмандонро ба иштирок дар ин чорабинӣ даъват мекунем”, – зикр карданд дар Марказ.

Дар ҷараёни ин иқдом сокиноне, ки наздиконашон дар ҷангҳои солҳои 1941-1945 иштирок кардаанд, бо акси калони онҳо ба кӯча баромада, хотири гузаштагонро азизу гиромӣ медоранд.

Шахсони хоҳишманд Лентаи георгиевиро дар Марказҳои илму фарҳанги Россия комилан бепул дастрас карда метавонанд. Марказҳо дар Душанбе бо суроғаи кӯчаи Турсунзода, 28 ва дар Хуҷанд – хиёбони Исмоили Сомонӣ, 52 чойгиранд.

Соли гузашта бо вуҷуди иҷозаи расмӣ надоштан ба баргузории раҳпаймоӣ, ба ҳар ҳол он доир гардида, ҳукуматдорони шаҳр ба он монеъ нашуданд. Субҳи рӯзи 9 майи соли 2018 наздики 500 нафар сокинони пойтахт назди дарвозаи Боғи Ғалаба (мавзеи маъруф ба пивзавод) ҷамъ омада, то Боғи Ғалаба раҳпаймоӣ карданд. Ин ҷо онҳо дар пояи Оташи ҷовидон барои гиромӣ доштани хотираи фавтидагон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ гулҳо гузоштанд.

Қобили зикр аст, ки сафи собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Тоҷикистон сол то сол кам мешавад. Имрӯз онҳо ҳамагӣ 244 нафар боқӣ мондаанд. Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ), ки дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунанд, имсол дар остонаи ҷашни Рӯзи Ғалаба аз ҳисоби фонди захиравии раиси пойтахт ҳар кадоме ба маблағи 1 ҳазору 500 сомонӣ кумакпулии якдафъаина мегиранд. Соли гузашта ба ҳар кадоме аз иштирокчиёни ҶБВ аз номи президенти Тоҷикистон 1 ҳазору 500 сомонӣ кумаки якдафъаина ҷудо шуда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.