Оғози истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда дар Тоҷикистон

Бо истифода аз технологияҳои муосир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда зиёд шуда, талаботи бозор бо маҳсулоти саноатии ватанӣ таъмин гардида истодааст, изҳор дошт муовини аввали вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Бахтиёр Шарипов дар ҷараёни муҳокимаи парлумонӣ дар мавзӯи “Рафти саноаткунонии кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми стратегияи миллӣ”. Мувофиқи Стратегияи миллии рушд то соли 2030, гузориши иқтисоди […]

Бо истифода аз технологияҳои муосир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда зиёд шуда, талаботи бозор бо маҳсулоти саноатии ватанӣ таъмин гардида истодааст, изҳор дошт муовини аввали вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Бахтиёр Шарипов дар ҷараёни муҳокимаи парлумонӣ дар мавзӯи “Рафти саноаткунонии кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми стратегияи миллӣ”.

Мувофиқи Стратегияи миллии рушд то соли 2030, гузориши иқтисоди мамлакат аз самти аграрӣ-саноатӣ ба индустриалӣ-аграрӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ӯ қайд кард, ки дар ин давра истеҳсоли маҳсулотҳои нави саноатии воридотивазкунанда ба монанди халта, риштаи полипропиленӣ, ротбанд, хишти сабук, гаҷкартон, уребча (подгузник), халтаҳои полиэтиленӣ, собуни мушкин, гӯшти мурғ (рони мурғ, қафаси синаи мурғ), сачоқчаҳои хушк, эмулсияи, бозичаҳои кӯдакона,трактор, ядка (прицеп),автобус, фойтунчаҳои кӯдакона, аробачаҳои кӯдакона,пахтаи тиббӣ, гирдакҳои пахтагин ва чӯбчаҳои пахтагини нафис ба роҳ монда шудааст.

Бино ба гуфтаи муовини аввали вазир, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар кишвар аз 3% то ба 69,4% афзудааст.

Таъкид шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҷумҳурӣ ба 5 млрд 721 млн сомонӣ расонида шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 ба 115,9% баробар шуда, афзоиш 792,9 млн сомониро ташкил дод.

Шарипов таъкид дошт, ки ҳиссаи соҳахо дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ тариқи зайл аст: электроэнергетика – 31,3%, саноати маъдан – 25,6%, саноати хӯрокворӣ – 19,0%, саноати масолеҳи сохтмон – 8,7%, саноати сабук – 7,1%, саноати мошинсозӣ – 6,1%, табъу нашр – 0,9%, саноати ангишт – 0,7% ва газ – 0,5%.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.